Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

–Чӣ хел шаҳр? – ҳайрон шудам ман.
–Шаҳре ки монандаш дар рўи замин набошад, – гуфт ў қатъӣ. Ин дам дар лабони парсинбастааш як табассуми омехта ба ормонҳои ширин нақш баста буд.
–Хайр?
–Ба шумо маълум бод: фарзанди одамизод фақат ҳамон вақт машҳур мешавад, ки ба халқаш хизмати беҳамто кунад; агар баистеъдод бошад, барои минбаъд ягон ёдгори бузург гузорад.
– Дуруст, – ба аломати тасдиқ сар ҷунбондам ман. – Масалан, гузаштагонамон Фирдавсӣ, Ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик...
– Бале, – суханамро аз даҳон гирифт ў. – Ман ҳам мехоҳам, ки номам ба мисли он абармардон дар саросари ҷаҳон паҳн гардад. – Сипас даме сукут карда, ваҷоҳаташ якбора ҷиддӣ шуд. – Ҳоло тарҳи он шаҳрро ба хурдтарин ҷузъиёташ пеши назар мебинам. Агар майли шунидан доред...
– Ба чашм!
– Шумо дар ҳаққи ман хиёнат намекунед баъд?
– Худо нигаҳ дорад. Ғайр аз ин... оё шўҳрати касеро дуздидан мумкин аст?
– Ҳаргиз!
– Пас чаро аз ин хавф мебаред?
– Алалэҳтиёт. Олами ҳодис гуфтаанд.
– Хайр, меҳрубон бошед, гап занед.
– Шумо ба мўйсафедон, умуман пирони дасткўтаҳ, бемадор, барҷомонда... эҳтиром доред?
– Бешубҳа.
– Оё медонед, ки дар шаҳрҳои калон зиндагӣ кардан барои он бечораҳо – хоҳ зан бошанд, хоҳ мард – то чӣ андоза душвор аст?
Ман китф барҳам кашидам.
– Чаро душвор?
– Ана, дидед: шумо намедонед! Аммо ман медонам.
Аз ин қатъияти вай бештар ҳайрон шуда, боз китф барҳам кашидам.
– Шояд.
– Шояд не, бешак! – гуфт ў ба як эътимоди комил ва дар чашмони хастааш оташаке падид омада, сухани худро идома дод: – Ман медонам азоби онҳоро, нағз медонам.
– Аҷиб-ку.
– Аҷиб ҳам гап?! Хуб... ҳоло гўш кунед.
Шумо ба ман зуд мақбул шудед. Вагарна дар ин хусус ба ягон кас даҳан намекушодам. Бигузор Афлотун бошад...
Лекин шумо ба ман бисёр хуш омадед.
– Ташаккур. Сари маро ба осмон расондед.
– Пас гўш фаро диҳед, – такроран гуфт вай, ду-се бор сурфидаву гиребони сахт ғиҷимшудаи пиҷакашро андак ба тартиб оварда. – Боре ман аз калонтарин кўчаи як шаҳри калон... ҳозира барин автобуссавор гузашта, ба хонаи рафиқам мерафтам. Вале он автобус ин гуна холӣ не, балки пур аз одам буд. Ман дар пешгаҳ рост меистодам. – Вай даме хомўш монд. Пас ба абрувони борикаш гиреҳ андохта, рост ба рўям нигарист. – Ҳоло ба шумо чӣ гуфтам?
– Боре дар кадом шаҳри калон...
– Бале, дар шаҳри калон, ниҳоят калон...
Ман аз меҳмонсаро баромада, ба хонаи як рафиқам мерафтам. Кӣ будани ўро ба шумо фаҳмондан шарт не. Фақат ҳаминашро мегўям, ки ин хел одамони хушком дар дунё ками дар каманд... Хулоса, ман дар пешгаҳи автобус будам. Ба гузаргоҳе расидему аз чароғҳои раҳнамо баногоҳ сурхаш даргирифта, автобус таққӣ истод. Кўча аз ду тараф пур-пури мошин буд; дар интизори чароғи сабз...
Мефаҳмед, мошинҳо... сабукраваш ҳам, автобусаш ҳам, боркашаш ҳам... эҳа-а! – ба ҳафт ранг буданд онҳо. Бе тоқат шуда, интизорӣ мекашиданд, ки чароғи сабз даргираду ҳаракати худро давом диҳанд.
– Хайр?
– Одамон аз байни ҳамон арасот якдигарро тела дода, сели сиёҳ барин шитобон ба ду бари кўча мегузаштанд.
– Дар ҳама ҷо мошин ҳаст, дар кўчаи тамоми шаҳрҳо гузаргоҳ ҳаст, чароғи раҳнамо ҳаст...

пешина
аз 132
навбатӣ