Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дуруст, лекин он хиёбон бисёр васеъ буд. Чунон васеъ, ки эҳа-а-а!
– Албатта, шаҳри калон...
– Шумо аввал хомўш ба гапам гўш диҳед,
– гуфт вай, каме сахт карда.
Ва ман аз суханронии бафурсат ва дурушти ҳампаҳлуям дилтанг шуда, лаб фурў бастам.
– Қисса кўтоҳ, ҳама гузаштанд, – боз ба ҳикояташ идома бахшид ў ва ангуштони хушки дасти росташро мушт карда, ба сари зонуяш зад. – Лекин...
– Чӣ лекин?
– Лекин чароғи сабз даргирифту... Ду одами пир, бениҳоят пир – яке мард, дигаре зан... акнун ба мобайни кўча расида буданд. Мошинҳои пеш, маторашон баландтар ғурида, ҳаракат кардан мехостанду барои он ду пиёдагард...
– Маҷбур дар ҷои худ меистоданд, – аз сергапии вай тоқатам рафта, оҳиста гуфтам ман. – Ҳамин тавр?
– Ёфтед!
– Баъд чӣ шуд?
– Ман базўр оби дидаамро нигоҳ доштам.
– Э-эъ! Сабаб?
– Чунки он ду нафари шояд зану шавҳар хеле пир буданд.
– Чӣ илоҷ, одамизод умрашро дидан пас...
– Як бор гуфтам-ку: аввал ба гапи ман гўш кунед, саросема нашавед, – ба миёни суханам лагад зада, омирона фармуд ҳампаҳлуям.
– Бубахшед.
– Хўш ки бошад, онҳо аз мобайни кўча дар азоб қадам мемонданд. Аз ғояти алам тану ҷонам сўхта, ман баръало медидам, ки пиру кампир давидан мехоҳанд. Аммо наметавонистанд – ҳар лаҳза мекалавиданд... Аз тарси он ки мошинҳо ба ҳаракат омада, мабодо зер кунанд, дар ҳарос ба дутараф нигариста, асозанон таваккал пеш мерафтанд. Базўр мерафтанд...
– Бечораҳо, – гуфтам ман, бадтар бетоқат шуда.
– Албатта... – тасдиқ кард ҳампаҳлуям, дар таассуф ва хаёлолуд калла ҷунбонда. – Пиразан ғафс буд, бо вуҷуди ин қомати баландаш хамзада... Вале пирамард, яъне шавҳараш... вай ба назарам бисёр лоғар, пажмурда ва муштак барин майда метофт. Дар як дасташ тўрхалтаи пур – намедонам, ки дар он чӣ буд – ва боз...
асоча; ба дасти дигар пиразанро маҳкам аз дасташ гирифта, дар ҷадал пеш мекашид. Ҳамин вақт ба дами бод тоб наоварда, кулаҳ ногаҳон аз сараш парид...
Ҳампаҳлуям гўё ба андешаи гароне рафта, сукут кард.
– Баъд? – пурсидам ман, аз чӣ бошад, ба ҳаяҷон омада.
– Баъд... – заҳрханд намуд ў. – Чӣ мешуд баъд?! Онҳо тарсидаву ларзида, дукаса кулаҳро бардошта, сад бор мурдаву аз нав зинда гардида, оқибат кўчаро гузаштанд. Ва мошинҳо аз ҷои худ канда шуда, даршаст ба раҳ даромаданд.
– Ҳамааш ҳамин?
– Ман гуфтам, ки онҳо пири фартут буданд...
– Хайр?
– Боз гуфтам, ки кулоҳаки кўҳнаро дукаса бардоштанд.
– Аҷаб…
– Маънии гапамро нафаҳмидед?
– Не-е, – забон хоидам ман. – Фаҳмидаму…
шояд камтар.
– Азоб аст пирӣ! Азоби алим аст.
– Ҳар хел – ба яке азоб, ба дигаре роҳат...
Аммо ҳодисае ки ҳоло нақл кардед, ба он шаҳр, ба шўҳрат чӣ муносибат дорад?
Вай баланд хандид; чунон баланд, ки ман дар ҷои нишастаам як қад парида, гуфтам:
– Узр мехоҳам. Аз афти кор... воқиан ҳам мағзи гапатонро нафаҳмидам...
– Мағзи гапам ин ки ман як шаҳри нестдарҷаҳон сохта, дар рўи дунё ном баровардан мехоҳам.
– Ин фикр кай ба саратон омад?
– Шаш сол муқаддам. Ҳамон рўзе ки он пиру кампирро дар калонтарин қўчаи шаҳри бисёр калон дар як ҳоли табоҳ дидам. Ман аз ҳикояти ў ҳеҷ чиз нафаҳмида ва ҳам фаҳмида, дар чанги як ҳолати гарон лол мондам.

пешина
аз 132
навбатӣ