Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Автобус дар истгоҳе қарор гирифт (ба он се нафар ҷавони хушлибос дохил шуданд...) ва боз раҳи худро идома дод.
Ҳампаҳлуи ман, ки низ сукут меварзид, гашта ба гап даромад. Акнун паст буд овози вай. Яқин намехост, ки сирри дилашро ҷавонҳо шунаванд...
– Дар шаҳре ки ман месозам, танҳо одамони пиру барҷомонда зиндагӣ мекунанд. Ҳавои он шаҳри зебо ҳамеша мўътадил мешавад. Хиёбонҳо пур аз гулу гулзор, ҷўйҳо пур аз оби равон; сари ҳар қадам фаввора... Дар ягон ҷо мошин наменамояд!
– Ҳамеша мўътадил будани ҳавояш...
– Барои ҳалли ин масъала, – сухани маро бурида, гуфт вай ҷиддӣ, – олимони табиатшиносро ба кор андохтан лозим.
Аз дасташон меомадагист.
– Орзуи шири мурғ барин амри муҳол.
– Ҳеҷ қисса не, мағзашонро об кунанд.
Онҳо ҳам падару модари пир доранд, ё доштанд…
– Боз як масъала ҳаст.
– Канӣ... шунавем.
– Дар ҳамон шаҳре ки месозед... ман гуфтаниам агар онро созед, шумо одамони пиронсолро чӣ тавр ҷамъ меоред?
– Ба назди ҳар кадомаш рафта, аз сидқи дил мефаҳмонам!
– Розӣ нашаванд, чӣ?
– Ман худам ҳам дар ин бора моҳҳои охир бисёр фикр мекунам. Беҳад бисёр...
Лекин шаҳри гуфтаамро месозам. Ҳатман…
– Мақсади наҷиб.
– Хуб, ҳоло шумо чӣ фикр доред – ман агар ҳамин кори бузургро ба сомон расонам, номам дар таърих мемонад ё не?
– Мемонад, – гуфтам ман, боз ҳам моту мабҳут гардида.
– Раҳмат ба шумо, ҳазор ташаккур. Аммо ин сирри маро ҳеҷ кас нафаҳмад. Илтимос.
– Намефаҳмад, – ҳушам парешон, ваъда кардам ман.
– Пешакӣ миннатдорам.
Ҳампаҳлуям...
Балки ҳамсафари ман аз нав хомўш монд.
Автобус ба суръат пеш мерафт.
Се ҷавони хушлибос, ки сари раҳ ба он савор шуда буданд, аз кадом хусус байни якдигар гап зада, баланд ва беибо механдиданд.
Дар истгоҳи дигар ман фуромадам.
Чунон ҳолате доштам, ки шушам қариб ба даҳонам омада, нафасам мегашт. Охир, марди дар автобус нишаста айнан худи...
Беҳтараш – аз ин боб ҳарфе намегўям.
Ман аз автобус ду истгоҳ пеш фуромадам. Резаборон мерехт; баланд буд рутубати шаби тирамоҳ.
Дар канори шаҳр, аз байни иморатҳои якранги қасабаи ноободе ки дар дили кас, – Бале...
Дар дилу дидаи кас аксаран ҳузн тавлид мекунанд, оҳиста-оҳиста ва андешаманд қадам партофта, ман ба сўи кулбаам мерафтам. Ҳикояти марди лоғари асабинамо ва гиребони каме чиркини пиҷакаш ғиҷим... хаёли маро бениҳоят парешон намуда, аз як кўй ба кўи дигар мебурд. Он қадар кўфтаву хаста будам, ки гўё тамоми рўз санги хоро шикаста, инак дар ҳаваси хонаам базўр пой мебардоштам.
Мегўянд, ки одам агар шабаҳи худашро вохўрад, ба чунин ҳолат гирифтор мешавад.
Ҳамин бовар рост бошад?
1987
СИТОРАИ КОРВОНКУШ
Офтоби тирамоҳ охирин нурҳои ларзонашро аз пештахтаи тиреза ғундошта, оҳиста ба пушти тали Шаҳидон хам хўрд, ки он ҷо қабристони деҳа воқеъ буд. То ин дам магасе ба умеди берун рафтан худро ба шишаҳои тиреза андохта, беист ғинг-ғинг мекард; ҳамон магас, чунон ки аз тарс бошад, баробари фурў нишастани офтоб ногаҳон хомўш шуд.
Хонаро якбора сукунати сард ва тазйиқовар фаро гирифт. Деворҳои сафеди он ба монанди куртаи суфе ки аз бисёр шустан рангаш паридааст, ноаён хира гардиданд.

пешина
аз 132
навбатӣ