Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунки аз рўзи азал аҳмақ буд... Лекин дар ин солу замонаи хунрез Назар чӣ кор кунад? Аз дами бало чӣ тавр эмин монад? Имрўз набошад, пагоҳ навбати ў ҳам мерасад; имрўз набошад, пагоҳ балки зани ў низ хати сиёҳашро гирифта, рўю мўй меканад. Дар ин дунёи куҳан кӣ пешомади худро яқин донистааст? Э худо...
Дар он ҷо, дар ҳалқаи маргу оташ, ба ягон тири дайду дучор омада, ҳайф шудан мумкин... Не, то аз ҷон рамақ дорад, Назар мекўшад, ки наравад. Вай, охир, Холи ҳавлуқма барин аблаҳ не, чӣ андоза ширин будани зиндагиро нек медонад, ба қадри ҳаёти осуда, бехавфу хатар ҳам мерасад. Вай аз модар барои як рўз не, як рўз дар мулки бегона мурда... бегўру кафан мурда, зану фарзандонашро обу адо кардан наомадааст. Хонаву дар дорад вай, хешу табор дорад, умеду орзу дорад. Ва ин ҳамаро ҳаргиз ба бод намедиҳад. Об хўрдаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ бурда наметавонанд...
Назар ниҳоят ба иҷрои қарораш, ки муддате боз дар дил гирифта мегашт, қатъӣ азм намуду шабона, ҳангоме савори асп аз саҳро ба деҳа меомад, дар нишебии санглох пиёда шуд. Ва озод нишаста, пои росташро ба таки суринаш қат кард; пои чапашро дароз монда, як санги калони қиррадорро ба даст гирифт.
Чашмонашро зич пўшид, дандон ба дандон гузошт. Пас он сангро баробари сараш бардошта, дарқаҳр ба соқи пояш андохту ҳамон дам аз ҳуш рафта, ногузир ба тахтапушт ғалтид.
Баъди соате ба худ омада, тарсон дид, ки даруни мўзааш аз хун тар шудаасту пояшро ҷунбонда наметавонад. Дард зўрӣ мекард; ба пешониаш дона-дона арақи сард дамида, чашмонаш сиёҳӣ мезаданд. Ва аз байни он сиёҳӣ мунтазам ҳалқачаҳои сурху зарди нозуке берун ҷаста, ларзон-ларзон дур рафта, ахир дар мағзи торикӣ фурў менишастанд.
Вай ба азоб пои маҷрўҳашро кашола карда бархост. Вале аспро дар ҷояш наёфта, боз дар санглох якпаҳлу дароз кашид. Ҳарчанд аз тазйиқи дард дигар тоқаташ намонда, маҷбур дандон ба дандон мезад, шуури дар соати бехудӣ тирагардидаи Назар оҳиста-оҳиста равшан мешуд. Ва ў фикр мекард, ки аспаш ин хел одат надошт, намегурехт. Ҳоло ҷонвар шояд аз кори вай шарм дошта... ё ғазабаш омада, гурехта бошад. Хайр, дар ҳар сурат нағз... Бале, нағз, айни муддао. Акнун илоҷе карда, худаш ба деҳа мерасад. Он қадар дур не вай; зўр занад, дар як-якуним соат мерасад. Дар идомаи раҳ ягон кас вохўрда, аҳволашро бинад, боз беҳтар – дар миёни мардум чуну чаро кам мешавад. Аз ҳар нафаре ки пеш ояд, аввал ў аспашро мепурсад. Сипас, ба шарте «чӣ воқиа рўй дод?» гўянд – албатта кунҷковӣ мекунанд, – фалокати ба сараш омадаро як-як мефаҳмонад. Мегўяд, ки «дар мобайни дара сабили асп, намедонам аз чӣ бошад, сахт рамида, маро аз хонаи зин ба нишебии санглох гирифта партофту шиҳа кашида гурехт. Баробари гурехтан... аз боло, аз таки сумаш, як санги калони қиррадор канда шуда, карт дар банди поям зад. Боз... китфам ганда лат хўрдааст».
Вай ҳоло як кори дигар мекунад. Азоби гўрро бинад ҳам, гармогарм китфашро зарб медиҳад, баъзе ҷои дасту рўяшро мехарошад. Ҳатман... вагарна аз зини асп паридам гуфта, ба чашми мардум хок пошидан душвор.

пешина
аз 132
навбатӣ