УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

...Ҳамин тавр ҳам кард. Ва пагоҳаш, вақте ки ба пушти ҳавлии Назар мошини қаҳваранги дар пешонии кабина ва паҳлуҳояш нақши салиби сурх... омада, шитобон ўро ба бемористон бурд, фавран дар деҳа овоза шуда буд: Назари қоқ аз болои асп ғалтида, базўр зинда мондааст.
Вай қариб ду моҳашро дар бемористон гузаронда, ниҳоят ба деҳа баргашт.
Хурсандиашро пинҳон дошта наметавонист. Вай, охир, боз раис ва боз ҳамон Назари бераҳм буд! Аспи сиёҳи хушзот доимо дар зери ронаш бозӣ мекард; аҳли оилааш серу пур, дар фароғат... Худи Назар ҳамроҳи ду-се «ғамбарори табъи дил» гоҳ дар меҳмонхонаи нўҳболорааш, гоҳи дигар дар ҳавлии улфатҳои ҳолдонаш шабҳои дарозро, ки зуд-зуд ба мағзи онҳо гиряву лобаи падару модар, зану фарзанд ва хешу табори мардони аз ҷанг хати сиёҳашон омада мепечид... – чунин шабҳоро дар кабобхўриву шаробнўшӣ ба саҳар мепайваст. Аз ҳеҷ чиз камӣ надошт.
Воҳимаи «мабодо ба ҷанг равам» акнун тамоман аз дилаш тарошида шуда буд. Ў фақат аз он ки пои чапаш мелангад ва...
яқин то охири умр ҳамин тавр хоҳад монд, аҳён-аҳён ғусса хўрда, ба номи ҷанг лаънатҳо мехонд.
Пас аз ин ҳодиса ба лақаби аввалаи Назар боз як лақаб илова гардид. Минбаъд одамон ўро дар ғайбаш гоҳ Назари қоқ гўянд, гоҳ Назари шал меномиданд…
Чунон ки ба бемори пир тамасхуромез сари таъзим фуруд меоварда бошад, зоғ каме хам шуда, ду-се бор қар-қар карду лоқайд бол ёзонд ва аз шохи чормағз парида, болои бом гузашт. Мўйсафед дар нафрат ҳамоно рў ба девор гардонд.
Хонаро тадриҷан торикӣ фаро мегирифт.
Ва он ба асабҳои аз кор баромадаи вай бад расида, дилашро беҳузур мекард. Гўё сояи шом ба мори сиёҳ табдил ёфта, ноаён дар гарданаш печ мехўрд; раҳи нафасашро баста, лаҳзаи марги ўро торафт наздик меовард.
Аҷабо, умри одамизод чун дақиқаҳои байни офтобшинаму шом кўтоҳ будааст.
Аммо то ҳол муйсафед инро намедонист, зеро пўсти ғафс дошт ва ҳеҷ вақт ба сараш кулфат низ наомада... Эҳтимол аз ҳамин сабаб сар ба зону гузошта, фурсати фикр кардан намеёфт. Назар ҳатто пас аз он ки баъзе сирру асрораш кушода шуданду ўро аз раисӣ гирифта, дар ҳамон калхоз нозири ҳосилот монданд, хулосаи сиҳат набардошт
– аз об хушк баромада буд, охир!
Вай се-чор сол дар он вазифа ҷунбида гашту боз пасттар лағжид: мудири ферма шуд. Лекин фермаро ҳам ўҳда карда натавонист. Калхоз як гўсфандашро ба дута расонад, ў аз нав ба якта меовард...
Муддати ду-се сол Назар инчунин сардори бригада буд. Баъд сардори звено ва ниҳоят калхозчии қаторӣ шуд. Ҳамин хел, чор сол муқаддам, ба нафақа баромад. Сипас як соли дароз шабҳо дар назди муллои чаласаводе нишаста, гўё тиловати Қуръонро ёд гирифт; чанд оятро тавонамнатавонам азбар кард. Ва дар миқёси деҳа ба тавре мулло ном бардошт. Аммо мардум баъди ин ҳам, ҳеҷ набошад аз рўи одоб, ўро белақаб... Назар ё мулло Назар намегуфтанд. Баръакс – ба вай боз лақаб монданд. Домуллои ланг... Акнун гоҳ Назари қоқ ё Назари шал гўянд, гоҳи дигар Домуллои ланг меноманд.
Дар бесадо кушода шуду кампираш омада, чароғро сокинак даргиронд. Хона равшан ва ба назар васеъ намуда, дар асбобу анҷоми он низ гўё ҷон дамид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё