УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

(Дуруст аст, ки баъдтар, аз байн соле гузашта ё нагузашта, азбаски калхозҳо бисёр хурд буданд, дар ноҳияи онҳо низ эмтээс ташкил гардиду Тўрон ба трактораш дар ихтиёри он сохтор монда, пас аз чанд сол, баъди аз байн рафтани эмтээсҳо, боз ба калхоз баргашт.) Акнун хоҷагиҳои давлат дигар шудаанд, – фикр мекард ў, – одамон барин... Имрўз як калхоз аз як ва ҳатто аз ду ноҳияи пештара бақувваттар аст:
мошину трактораш ҳисоб надорад. Гоҳо худи вай, ки гуфтан мумкин молу мулки хоҷагиашонро нағз медонад, ҳисоби мошину тракторҳои онро гум мекунад.
Бале, дар замонаш гапу кор дигар буд, акнун дигар шудааст, хеле тағйир ёфтааст.
Бо вуҷуди ин Тўронро мардум то алҳол Тўрон-тракторчӣ мегўянд.
–Тавба кардам ба даргоҳат, худоё! Тавба...
– маҳзун нолид мўйсафед.
Тўрон-тракторчӣ дар тараҳҳум ба вай чашм дўхт.
–Ҳарчи сабукед?
–Як навъ, ҳамсоя... Ба ҳамин дами додааш шукр, – гуфт мўйсафед ва пас аз фурсате канда-канда илова намуд: – Воҳидҷонро ба талабатон фиристодам... Омадед, сарам ба осмон расид.
–Бе ин ҳам худам гузашта, ба шумо чорта чақ-чақ карданӣ будам, ки усто Салим ҷеғ зада хонааш бурд; кори зарур доштааст. То аз он ҷо баргаштам… бевақт шуд.
–Ман аз шумо ҳазор маротиба розӣ.
Лекин... чӣ гўям? Сад дареғ, ки дигар дили бутун надорам. На чақ-чақ карда метавонам, на ҳазлу шўхӣ...
–Оқибати ноумедӣ хуб не, ҳамсоя. Худо хоҳад, боз ба по мехезед. Дарди ҷонвар ба тани кас дурўза меҳмон. Беҳуда нагуфтаанд:
одамизод дар як пўст чанд бор фарбеҳу чанд бор лоғар мешавад.
–Ҳамин тавру...
–Мўйсафедро сурфа гирифт. Баъде ки сурфааш монда, андак нафас рост кард, вай хост ба Тўрон-тракторчӣ бигўяд:
«Ин дард ба тани ман дуру дароз меҳмон шуд. Акнун то маро ба хок набарад, намерафтагӣ барин. Хайр, дигар тобу тавон ҳам надорам, вақташ расид...» Вале мўйсафед, ки мақсадаш ҳар чи зудтар рози дил шикастан буд, инро гуфта натавонист.
Ба ҷои ин, агарчи худаш медонист, пурсид:
–Олимов аз ноҳияи мо соли чандум рафт?
–Кадом Олимов? – нафаҳмид Тўронтракторчӣ.
–Ҳо-о ҷўраатон буд-ку, котиби райком... Шаб хоб бинам, ҳамон одам, сару либосаш сап-сафед, дар кадом боғи калон мегаштаасту ба ман нигоҳ карда, мулло Назар, биёед ба боғи мо, кўчида биёед, ҳо ана он кулбаро ба шумо медиҳем гуфта, як чордевори валангорро нишон медодааст. Ман розӣ набошам ҳам, маҳкам аз дастам гирифта, не нагўед, мулло Назар, акнун фурсати ҳамсоягӣ расид гуфта, маро ба зўрӣ тарафи он чордевор мебурдааст... – Вай давоми ин хобашро, ки худи ҳозир, то барои аз Олимов гап кушодан восита шавад, беибо фикр карда бароварда буд, ба забон оварда натавониста, муддате лаб лесид. Баъд канда-канда гуфт: – Олимови котиби райком... Ба хонаатон бисёр меомад. Хато накунам, парерсол ҳам шуморо хабар гирифта буд. Ба хаёлам то ҳол рафтуомад доред, а?
– Ҳа-а, – сар хорид Тўрон-тракторчӣ, ки ба рўяш сояи таассуф мелағжид. – Олимов аз ноҳияи мо... соли чилум рафт.
– Душанбе рафта буд?
– Бале, – акнун лаб газид ў. – Қариб ҳафт сол дар ҳамин ноҳия роҳбарӣ кард. Шумо он вақтҳо раис будед. Дар хотиратон бошад, раҳматӣ... аз барои кор ҷонашро дареғ намедошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё