УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Раҳматӣ гуфтед?!
– Ҳа, порсол вай аз олам гузашт.
– Э афсўс! Одами калон шуда рафта буд, а?
– Ҳа-а, калон... – нимғурма ҷавоб гардонд Тўрон-тракторчӣ. – Хоксор буд, ба ҳама баробар буд.
– Ғам нахўред, ҳамсоя, ин дунё ҳамин хел бевафо! Мўйсафед лаб фурў баст.
Акнун Тўрон-тракторчӣ ҳам чизе намегуфт. Воҳид ғамгин менишаст.
Хонаро як хомўшии гарон фаро гирифта буд. Онро фақат номураттаб нафас кашидани мўйсафед, ки гоҳо чашмони тирааш беҷо мешуданд, халалдор месохт.
Тўрон-тракторчӣ, дилаш аз зикри Олимов ба фиғон омада, дар зери сукунати сарди хона беихтиёр он бегоҳирўзи анҷоми соли сиву серо, ки ба ў шинос шуда буд, пеши назар меовард. Аз чӣ бошад, вай ин воқиаро ғайр аз рўзи вафоти Олимов дигар ҳеҷ гоҳ ёд накардааст.
– Ман аз ҳамон ҷўраатон мудом хавф мебурдам. Раҳматӣ… ба ман намепухт, лекин одами нағз буд, – гуфт мўйсафед, хеле зўр зада. – Шумо ба вай, агар хато накунам, соле ки... уф... аз Даҳбед трактор меовардед, тифоқо шинос шудед.
– Рост, тасодуфан...
...Дар як рўзи зимистони охири ҳамон сол, вақти бомдод, ў савори аробаи кирокаш раҳи Даҳбедро пеш гирифт. Ҳаво хунук буд, чаппаву роста барф меборид.
Дар болои сар тундбоди сахт ғуввос зада, ба устухонҳои кас кора мекард. Бо вуҷуди ин аспҳои ҷавмаст, ки ёлу думашон тадриҷан шўша мебастанд, гўё аз дами сармо халосӣ ҷуста, аробаи шалақро дар ҷадал пеш мебурданд.
Тўрон гашти рўз ба Даҳбед расид. Баъди соате дар як идораи он ҷо – ҳоло дар хотир надорад, ки вай кадом сохтор буд, – ҳуҷҷатҳои тракторро тахт карда, дар назди оташдон каме гарм шуд ва аз ноне ки ҳамроҳ оварда буд, нимтаашро ба як коса оби хунук хўрда, ними дигарашро аз таки чакман боз ба миён басту аз майдони кушоди дуртар аз истгоҳи раҳи поезд тракторро гирифта, фавран қафо гашт.
Ў аз мобайни дараи пурбарф ба эҳтиёт «аспи оҳанин» меронду аз хурсандӣ дар куртааш намегунҷид. Дастони бақувваташ аз ғояти ҳаяҷон буд, ё аз тазйиқи сармо... ноаён меларзиданд. Воқиан, чаро ба ҳаяҷон наояд?
Вай акнун савори ин трактори девбанд мустақил замин меронад. Дар як рўз камаш кори даҳ-дувоздаҳ ҷуфт барзагавро бемалол ба сомон мерасонад. Танҳо худаш...
Дар чунин хаёлҳо Тўрон қариб чоряки масофаро тай карда, ногаҳон ба мошине вохўрд, ки чархҳои ақибаш ба мағоки пурлой дармонда буданд. Бори мошин баланд; дар назди он ду нафар парешон меистоданд. Аз гўшаҳои чодари сиёҳи обнагузар, ки дар болои мошин кашидаанд, ҷо-ҷо асбобу анҷоми рўзгор ба назар менамуд.
Тўрон тракторро нигоҳ дошта, чобук ба замин фуромад.
–Чӣ шуд?
Яке аз он ду нафар – дар қиёс ронанда – рўҳ гирифта, акнун ҷавоб гардондан мехост, ки шарикаш, марди чарминапўши пуррапайкар ва баландқомат, аввал барои вохўрдӣ даст дароз карда, пас ба тамкин гуфт:
–Ана аҳволамон – илоҷи баровардан нест, ду соат боз ҷон меканем.
–Мебарорем, – табассум кард Тўрон.
–Мо ҳам аз дур шуморо дида… мегуфтем, ки то ёрӣ надиҳад, гузаштан намемонем, – низ дар табассум калла ҷунбонд чарминапўш.
Тўрон мошинро як давр зад ва чашмаш дар кабина ба зани кўдакдоре афтида, аз дил гузаронд, ки эҳтимол бечораҳо дар ин сармо хуб азоб кашидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё