Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
ваҳишта «беҳтарин»), болишта (аз барзишта «баландтарин»), фаришта (аз фраҳишта «ҳубтарин, поктарин»), зишт (аз зуйдишта «бадтарин») басо серистеъмоланд, ки дар ҳар кадоме аз онҳо пасванди «ишта»-и қадим ба шакли хосса боқӣ мондааст. Вале дар чанд мавриди дигар вожаҳои мазбур таҳти таъсири инкишофи қонунии овозҳо тарки «либоси кӯҳна» карда, гунаи навро соҳиб шуданд, ки калимаи маҳист аз ҷумлаи онҳост.
Дар давраи қадими инкишофи забонҳои эронӣ воҳиди луғавии мазкур шакли «масишта»-ро дошта, аз ҷузъҳои мас (калон) ва -ишта (муродифи -тарин) иборат буд. Ҷузъи мас(с) минбаъд мувофиқи тағйироти қонунии овозҳо шакли маҳ (ба маънои «калон»)-ро пазируфт. Бахши ишта ба ҷузъ он ки дар чанд маврид шакли аслии худ ё ба он наздикро нигоҳ дошт, вале дар аксар ҳолат гунаи «ист»-ро гирифта, чунин шакли он дар давраи аввали инкишофи забони форсӣ-тоҷикӣ низ ривоҷи комил дошт. Чунончи, Фирдавсӣ дар ҳамосаи машҳураш — «Шоҳнома» вожаи «маҳист»-ро ба маънои «бузургтарин» мавриди истифода қарор додааст.
Эй шоҳи сарафрозу хуршедчеҳр,
Маҳисту ба қомаш гироён сипеҳр (8, с.207).
Ба занни қавӣ, дар даврони асримиенагӣ ба воҳиди луғавии маҳист пасванди ӣ замима шуда, он сурати «Маҳастӣ»-ро гирифт. Аз ин рӯ, тахаллуси шоираи Хуҷандиро на ба гунаи Меҳастӣ, Меҳистӣ, балки Маҳастӣ бояд талаффӯз кард. Дигар ин ки асоси он на калимаи мураккаб аст, балки воҳиди луғавиест, ки аслан аз ҷузъи мас, маҳ (калон) ва пасванди -ишта иборат буд.
«Авасто» ва таърихи зуҳури як ҳамсадо
ба забони ниёгон
Мусаллам аст, ки ҳар як ҳодисаи забон аз хусусиятҳои овозии сар карда, то вижагиҳои наҳвӣ роҳи пуриҷутоби таҳаввул ва табаддулро пушти сар кардааст. Аз ин рӯ, ҳар кадоме аз воҳидҳои забон сарнавишт ва саргузашти хосс дошта, талқин кардани онҳо аҳамияти калони илмиву амалӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё