Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Хулоса, аз таҳлили фавқ мусаллам мегардад, ки бунёди вожаи Хуҷанд бар пояи хвараканта-и куҳан набуда, балки аз хуканта аст. Ин гуфтаҳоро чунин далел низ исбот менамояд, ки қариб кулли муаллифони осори асримиёнагии ба мо дастрас Хуҷандро «шаҳри зебо» шарҳ додаанд, на «шаҳри офтобрӯя». Канта-и қадим дар мавридҳои ниҳоят кам ба гунаи -чанд табдил ёфтааст.

Суғд, на Суғдиён

Забоншиноси номии олмонӣ Яков Гримм (1785-1862), ки пояи устувори омӯзиши забонҳои германиро бо усули муқоисавӣ-таърихӣ гузоштааст, дар вақташ таъкид намуда буд, ки гузаштаи дури аквому қабоили мухталифро на танҳо аз ҳолати устухонпораву даҳмаҳо, ашёи боқимонда, рӯзгори адвори гуногун, балки боз бо далели мӯътамадтаре, яъне забони онҳо метавон муайян сохт.

Дар ҳақиқат, топонимҳо, ки ҷузъи муҳими таркиби луғавии ҳар забонро ташкил медиҳанд, дар таркиби худ асрори давраи тӯлонии ҳастии гузаштаи халқро маҳфуз доштаанд, зеро маҳз дар таркиби онҳо чунин унсурҳои қадими забони ниён боқӣ мондаанд, ки дар алоҳидагӣ наметавон имрӯз дучор омад. Аз ин рӯ, ба ҳукми фаромӯшӣ супоридани унвони қадими мавзеи муайян, ки бароимон оиди забонҳои азбайрафта, топографияи қадими ин ё он маҳал, сарватҳои табиии он, касбу ҳунарҳои куҳан ва тарзи ҷойгиршавии аҳолӣ маълумоти муфиде медиҳанд, маънои инкори гузаштаи худ ва оғози таҳрифи таърихи хеш ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби сарвари давлат Э.Ш. Раҳмонов пешниҳод гаштани эҳёи иддао аз номҳои таърихӣ, ба хусус Суғду Уструшана, ки бозтоби ҷаҳонбинӣ, андеша, фарҳанг ва таърихи мо маҳсуб мешаванд, иқдоми айни маврид буда, шоистаи дастгирист.

Имрӯзҳо дар корхонаву ташкилотҳо, мактабу муассисаҳои мухталиф оиди пешниҳоди ёдшуда мубоҳисаҳои тӯлонӣ сурат гирифта, як нуктаи муҳим таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеаро ба худ кашидааст. Вилоят минбаъд бояд чӣ ном гирад: Суғд ё Суғдиён? Дар иртибот ба ин масъала метавон

пешина
аз 63
навбатӣ