Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

топоними Қарширо чунин таҳлил мекунад: «Кабакхон (яъне аввалин ҳукмрони муғул А.Х.) дар наздики Насаф барои худ кӯшк (қарши) бино намуд, ки баъдҳо дар атрофи он шаҳре ба вуҷуд омад ва бо номи «Қарши» машҳур гардид» (ҷ.2, с.620).

Ё худ дар бораи этимологияи «Мадрасаи Шердор» чунин овардааст: «Дар пештоқи даромадгоҳи ин мадраса сурати даррандаи ба ғизол ҳамлакунанда тасвир ёфтааст ва аз ҳамин сабаб онро «Мадрасаи Шердор» номидаанд» (ҷ.2, с.79).

Бархурдории муаллифи китоби «Тоҷикон» аз забонҳои қадими эрониву туркӣ ё дастрас будани маводи сарчашмаҳои таърихиву ҷуғрофии пеш аз мелод ба ӯ имкон додааст, ки шаклҳои қадимии номҳои ҷуғрофиро ба монандӣ Марв, Бохтар, Ҳирот ва ғайра ошкор созад. Ба ин тарз Б. Ғафуров боз луғоту таъбироти тоҷик, узбек, Темурланг, сафавӣ ва ғайраҳоро аз нигоҳи решашиносӣ ба риштаи таҳлил кашидааст.

Одатан ҳангоми баҳсҳои илмӣ ё тадриси масоили гуногуни забон аз алоқамандии он бо таърих ҳарф зада, аз зикри мисолҳои мушаххас худдорӣ карда мешавад, ҳол он ки дар китобҳои таърихӣ, аз ҷумла «Тоҷикон» кас ба силсилаи бузурги чунин бурҳопу далелҳо дучор мешавад. Барои мисол чунин далелро овардан кофист. Пайлост, ки дар забони тоҷикӣ воҳидҳои рехтаи басо фаровон, чун «гули сари сабад», «гурги борондида», «қасам хӯрдан» ва монандӣ инҳо мустаъмаланд, ки ҳар кадоме таърихи мушаххаси пайдоиш дошта, интизори таҳлилу тадқиқанд. Дар ин ҷо зикри сарнавишти ифодаи рехтаи «қасам хӯрдан» басанда ба назар мерасад. Зуҳури ин воҳиди фразеологӣ дар заминаи маънои маҷозӣ касб кардани феъли «хӯрдан» пайдо нашуда, балки заминаи таърихӣ дорад. Шавоҳиди таърихӣ гувоҳӣ оранд, ки дар гузаштаи дур мардуми эрониасл, аз ҷумла ниёгони тоҷикон пеш аз раҳсипорӣ ба ҷанг ба порае аз хӯрданиҳо савганд ёд карда, онро фурӯ мебурдаанд ва дар заминаи чунин ҳолисаи таърихӣ ифодаи «қасам хӯрдан» пайдо гаштааст. Имрӯз одатан ба нон ва монандӣ инҳо қасам мехӯранд, ки ин боқимондаи ҳамон ҳолисаи

пешина
аз 63
навбатӣ