Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

озод (ҷ.1, с.75), анҷуман (ҷ.1, с.75), деҳ (ҷ.1, с.75), мадустоп (ҷ.1, 160), асбарапат (ҷ.1, с.160), хушнавоз (ҷ.1, с.205), грумбат (ҷ.1, с.272) ва даҳҳо воҳиди луғавии дигар пайдо карда метавонем. Чунончи, муаллиф ваҷҳи тасмияи калимаи асбарапатро чунин шарҳ додааст: «Қисми аввали калима калимаи (аз «паг») форсии миёна асбар, яъне «савор»
мебошад. Қисми дуюми калима аз «пат»-и забони қадимаи форсӣ аст, ки ба маънои «соҳиб» меояд ...» (ҷ.1, с.250).

Ҷои таъкид аст, ки муаллиф ҳангоми зикри таърихи унсурҳои луғавӣ ду тарзи муайянсозии решаи онҳоро пеш гирифтааст: 1) дар баъзе мавридҳо ба ривоятҳои муаллифони сарчашмаҳои таърихиву ҷуғрофӣ такя менамояд. Масалан, этимологияи калимаҳои Ҳамук ва Шофиркомро ба маводи «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ такя карда, ба тарзи зер шарҳ медиҳад: «Деҳқонон ва тавонгарон аз ин вилоят бигрехтанд ва ба Туркистон ва Тироз шаҳре бино карданд. Ва он шаҳрро Ҳамук ном карданд, аз баҳри он ки деҳқони бузург, ки раиси ин тоифа, ки он ҷо рафта буд, вайро Ҳамук ном бу[д]» (ҷ.1, с.297).

«...яке аз каналҳои дар асрҳои миёна калонтарин Канали Шопурком (баъдҳо Шофирком шуд) ва зимнан ривояте аст, ки онро Шопур ном кадом як шаҳзодаи Сосонӣ сохтааст» (ҷ.1, с.336).

Бо чунин шарҳи муаллифони сарчашмаҳои таърихӣ такя кардани Б.Ғафуров басо боэътимод ба назар мерасад, зеро бисёр мавзеъҳои таърихӣ ба номи Шопур алоқаманданд: Чундишопур, Вандушовар, Нишопур ва ниҳо. Аз ҷумла, перомуни топоними Нишопур муаллифи «Муҷмал-ут-таворих ва-л-қисас» овардааст: «Нишопури қадим Шопур кардааст...». Ҳамчунон нигорандаи «Фарҳанги Опандроч» Муҳаммад Подшоҳ таъкид кардааст, ки «... дар давраи Ардашери Бобакон онро «Эроншаҳр»
меномиданд, дар таворих овардаанд, ки Шопур ибни Ардашер... шаҳри бузург сохта ва онро Ниҳи Шопур ном кард, ки «ниҳ» ба маънии шаҳр аст...» (50, ҷ.2, с.434).

  1. Муаллиф дар натиҷаи пажӯҳиши амиқи илмӣ-таърихӣ пайдоиши бисёр номҳои ҷуғрофӣ, мавзеъҳои биноҳои
    таърихиро муайян намудааст. ЧунОнчи, таърихи зуҳури
пешина
аз 63
навбатӣ