Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Ҷобиров маълумоти дар қон ҷамъ кардаашро ба тафсил баён намуд ва ба ашъёҳои ғуншуда таппончаи кассир Собировро илова кард.
Комилов ба охир расидани баёноти рафиқонашро бетоқатона интизорӣ мекашид. Ба хаёли ӯ, маълумоти ҳеҷ кас дар қимат ва аҳамият ба чизҳои имрӯз фаҳмидан ӯ баробар шуда наметавонист. Вай фурсати муносибро поида менишаст, чанд бор дар лаҳзаҳои кӯтоҳи хомӯшӣ ба сухан лаб кушоданӣ шуд, ки майор бо нигоҳи худ шасти ӯро гардонид. Сафаров аз бетоқатии офицери ҷавон, албатта, пай бурда буд, аммо арзи ӯро қасдан ба таъхир меандохт, то ки сабр карданро омӯзад.
Ниҳоят, Комилов ба сухан кардан рухсат гирифт. Вай аз рафтанаш ба банк, аз рафтори шубҳаангези Клавдия Воронцова нақл кард. Лейтенант дар бораи ин духтарак ҳамаи маълумоти лозимаро ғун кардааст. Клава духтари камгап, ором буда, ошнои зиёде надорад, бо касе махсусан мулоқот намекунад. Одатан дар хонаи худ ношто мекунад, аммо хӯроки пешин ва шомро дар ошхона ё шипанги тобистонаи он тановул мекунад. Квартираи ӯ аз ду хона иборат буда, дар ҳавлии калони нави кӯчаи Ботаникӣ воқеъ гаштааст. Дар ҳамин рӯзҳо бояд ба таътил барояд, мехоҳад ба Маскав рафта, модар, инчунин хоҳарчаи худро, ки толибаи синфи ҳаштум аст, кӯчонида оварад. Як чизи ҷолиби диққат ин, ки имрӯз Клава бар хилофи одати ҳаррӯзаи худ на пешинӣ ва на бегоҳӣ ба ресторан барои хӯрокхӯрӣ нарафт. Аммо вақте ки аз назди ресторан мегузашт, ба сӯи шипанг ким-чӣ гуна як нигоҳи аҷибе афканд ва зуд рӯи худро ба дигар тараф гардонид...
— Хӯш,— гуфт Сафаров мад кашида.— Оғози коратон бад нест. Акнун ҷамъбаст мекунем.
Варақи қоғазе, ки дар зери дасти ӯ мехобид, ҳоло аз хату нақшаҳои аҷоиб пур шуда буд. Дар ин ҷо як доираҷаи нисбатан калонтар, якчанд доираҷаи хурд, як шакли мураббаъ, чандин секунҷаи майдаю калон кашида шуда, ҳамаи онҳо байни ҳамдигар бо хатчаҳои ғафс ё маҳин пайваст шуда буданд. Дар мобайни ҳар кадоме аз ин шаклҳо сарҳарфи номи шахс, мавзеъ ё муассисае навишта шуда буд. Аз ин диаграммаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё