Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
«Суриков!»—дар дилаш гуфт Алиҷон ба воқеа сарфаҳм рафта.—«Уҳ балое, боз аз ман пештар пай гирифтааст!»
Лейтенант дар назди даромадгоҳи банк ба Шавкат рӯ ба рӯ омад. Онҳо якдигарро шинохта, салому алек карданд. Димоғи Шавкат сӯхтагӣ буд. Вай дар ҷавоби пурсупоси лейтенант аз роҳаш намонда «шукр, сиҳату саломат» гуфту ба сӯи чорраҳа, ба назди самосвали худ равон шуд. Дар зери багалаш китоби коғазпечро маҳкам фишурда буд.
Қомилов ба толори калони банк, ки дар паси девораи тахтаю оинакории он ходимони сершумораш нишаста кор мекарданд, дохил шуд.
Воронцова дар сари мизи кориаш ба нуқтаи ноаёне чашм дӯхта беҳаракат рост меистод.
Ранги рӯи ӯ боз ҳам сап-сафеди воҳимаангез буд.
РАҚСИ ДЕВОНА
Лейтенант Макрушев бо офисиант ҳисобӣ карда, аз сари миз бархост. Офисиант аз рӯи таомул ӯро таклиф намуд, ки ба ошхонаи онҳо боз биёяд. Макрушев ҳам гуфт, ки албатта меояд, зеро дар ин ҷо таомҳои болаззат мепухтаанд, коркунонаш ҳам боилтифот ва меҳрубонанд.
Лейтенант аз зинаи шипанг фаромада, бо рӯи ҳавлии ошхона ба сӯи баромадгоҳ қадам мезад, ки касе ӯро ба забони русӣ бо талаффузи вайрон «Ҳо, ҷӯра, ба ман нигар» гуфта фарёд кард. Макрушев ба тарафи анборчаи ошхона рӯ оварда, Насимро дид, ки дар рӯи остона диккак нишаста, оби помидорро мемакид. Дар пеши вай дар рӯи замини обзадашуда тӯппии нави оҳариаш мехобид, ки он низ пур аз помидорҳои калон-калони пухтагӣ буд.
Насим ба Макрушев бо ангушти худ ишораи таҳдидомезе карда пурсид, ки дар он ҷо дар сари миз бо Лиза дар чӣ хусус сӯҳбат кардааст.
Лейтенант китф дар ҳам кашида гуфт, ки чизе нагуфтааст, ҳамин тавр, мисли ҳама таом фармуд, нӯшоқӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё