Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
назди вокзал аз таксии дигар фаромадааст. Таксии дуюмро ӯ дар қарибии Боғи Пионерон савор шудааст. Аз он ҷое ки ӯ аз мошини аввала фаромада буд, то ҷои ба таксии дигар савор шудааш, яъне аз бинои нави аркдор то Боғи Пионерон барои одами пиёда қариб нимсоата роҳ аст. Аз ин мебарояд, ки ӯ ин масофаро пиёда тай накардааст, алалхусус, ки дар дасташ чамадон ҳам буд. Пас ӯ то Боғи Пионерон чӣ гуна омадааст ва агар бо ягон мошини роҳгузар савор шуда бошад, бо чӣ мақсаде таксии авваларо ҷавоб дода, худро ин қадар овора кардааст?
Суриков дар ҳамон атроф муддате гаштугузор карда роҳи дишабаи шахси номаълумро охир ҳам муайян кард. Соҳиби чамадон бешубҳа аз ҳавлии бинои аркдор гузашта, ба кӯчаи Бинокорон баромадааст, ки дар ин кӯча автобус мегардад.
Суриковро лозим омад, ки ба гаражи автобусҳо рафта, кондукторони дирӯз дар сменаи бегоҳӣ коркардаро пурсуҷӯ кунад. Гоҳо ба кас тасодуф мадад мекунад. Як кондуктор ба лейтенанти калон хабар дод, ки дар ҳақиқат ҳам дина шаб як марди навраси чамадондор (ранги чамадон дар хотираш нест) дар кӯча ба автобуси нимхолӣ савор шуда, баъди ду ё се истгоҳ фаромад. Дар куҷо савор шуданашро дар ёд надорад, аммо яқин медонад, ки мардак дар пеши Боғи Пионерон фаромада буд.
Суриков вақти ба «сайру саёҳат» сарф кардаи шахси номаълумро ҳисоб карда баромад. Аз вокзал то кӯчаи Ботаникӣ — понздаҳ дақиқа савори таксӣ буд, баъд ҳафт-ҳашт дақиқа пиёда гашта, аз рӯи ҳамон ҳавлии нави аркдор гузашта, ба кӯчаи Бинокорон баромаду то ба истгоҳи автобус расид. Дар ин ҷо зиёдаш чор ё панҷ дақиқа интизор шуд. Сонӣ бо автобус тахмин даҳ дақиқа роҳ паймуду дар назди Боғи Пионерон фаромада, пас аз понздаҳ дақиқаи дигар ба вокзал расид. Ҷамъ қариб як соат «саёҳат» кард. Хизматчии камераи чизнигоҳдорӣ Пётр амак ҳам гуфта буд, ки он марди маноркадро дар майдони назди вокзал баъди як соат дубора дидааст.
Хӯш, тамоми ин фурсатро ӯ бо роҳпаймой гузарондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё