Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо касе дучор нашуда ва дигар ягон кореро анҷом надодааст. Пас мехостааст, ки каси таъқибкунандаро — ба шарте агар ҳамин хел кас бошад! — ба ғалат андозаду гумроҳ намояд.

Ҳамаи инро Суриков ба осонӣ фаҳмид. Вале дар ин ҷо риштаи тафтишот аз дасташ гурехт. Шахси номаълум ба майдони назди вокзал омада, сонӣ, бинобар гуфти Пётр амак, ба тарафи анборҳои молфаррории стансия тоб хӯрда буд. Баъд куҷо рафт? Касе намедонад, ки ӯ ба замин даромад ё ба осмон баромад?

Охир дар гирду пеши анборҳои молфарроӣ бинои бисёре ҳаст. Дар ин ҷо депои паровозу вагон таъмиркунӣ, устохонаи механикӣ, анборҳои ғалла, ангиштсанг, нуриҳои маъданӣ ва каме дуртар — даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ воқеъ гаштаанд. Соҳиби ҷамадон ба кадоме аз ин биноҳо рафта бошад?

Суриков дар қайди ҳамин фикру андешаҳо монда, аз канори кӯча парешонҳолона роҳ мепаймуд.

Вай ба назди майор Сафаров мерафт, то ки вазъияти корро арз намуда, аз ӯ маслиҳат пурсад.

ИМТИҲОН

Номзади фанҳо Восеев дид, ки ба ҷуз иҷро кардани таклифи капитан Ҷобиров дигар илоҷе нест, норозиёна даст афшонду гуфт:

— Хайр, гуфти шумо шавад. Лекин бори дигар мегӯям, ки аз ин кор якпула нафъ намебарояд.

— Бигузор нафъ набарояд, — ҳалимона гуфт Ҷобиров. — Ба ҳар ҳол як санҷидан зарур. Аз шумо чӣ меравад? «Аз карнайчӣ як пуф» гуфтаанд?

— Як пуф бошад, як пуф-дия, — гуфт Восеев, ки дар лабонаш акнун табассуме дамида буд. Вай ба пеши сандуқи оҳанини дар кунҷи кабинеташ будагӣ омада, онро кушоду аз дарунаш як даста коғазҳои ба рӯяш ҳар гуна нақшҳои ҳандасарӣ ва рақаму хуруфоти лотинӣ навишташударо гирифта, ба рӯи столаш паҳн кард.

— Ин коғазҳо... — гуфта саволе доданӣ буд капитан,

пешина
аз 102
навбатӣ