Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
аммо Восев сухани ӯро бурида дарҳол ҷавоб дод:
— Қоғазҳои бекора, хотирҷамъ бошед.
Восев бо ишораи даст ба капитан дари кабинети ҳамшафатро нишон дод. Ҷобиров зуд ба он хона даромада, дарро пӯшид ва дар паси он сари ду по нишасту аз сӯрохи кулфи дар нигоҳ кардан гирифт.
Восев котибдухтарро чеғ зада гуфт:
— Пётр Степановничро гӯед, як ба назди ман биёяд.
Восев чанд дақиқа дар интизории Бевзюк чашмони худро пӯшида, пушт ба такягоҳи курсии нарм дода менишаст. Вай аз воқеаҳои рӯзҳои охирин хеле шалпар шуда буд. Дирӯз духтур ӯро дида гуфта буд, ки ҳар чӣ зудтар ба курорт биравад, ягон моҳ дар иқлими дигар истироҳат карда, асабҳояшро ором кунонад. Аммо ин кор амри маҳол буд. Чӣ гуна ӯ ба курорт мерафтааст, ки пагоҳ-фардо ихтироотро аз таҷрибаи истеҳсолӣ гузарондан лозим? Ғайр аз ин диссертатсия ҳам чала хобидааст... Ҳаммаё мону аммаё меҳмон гуфтагӣ барин, духтурҳо курортравиро маслиҳат медиҳанд.
Бевзюк ҳаш-ҳашкунон ба кабинет ворид шуду салом дода, бо чашмонаш ҷойи нишастро ҷустуҷӯ кардан гирифт.
Восев аз назди девор ба ӯ ҷой нишон дод.
— Чӣ хизмат буд, рафиқ инженер?—пурсид Бевзюк.
Восев дарҳол ҷавоб надод. Ӯ мебоист роли таъинкардаи шахсеро артиствор мебозид. Ин бозӣ барои ӯ душвор ва ногувор буд.
— Пётр Степанович,—гуфт ӯ ниҳоят,—ман аз шумо як чиз илтимос кардагӣ будам.
— Гӯшам ба шумо, рафиқ инженер.
— Доир ба кори худам. Пётр Степанович, доир ба ихтирооти нави мо,—гуфт Восев ва гӯё ғайри ихтиёри худ ба нақшаҳои дар рӯи столаш паҳн кардашуда даст расонида монд.—Мехостам, ки шумо ба ман кӯмак кунед...
— Бо ҷону дил,—хурсанд шуда гуфт мудири хоҷагӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё