Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Раис дар бораи он мӯйсафеди аз шаҳр меҳмон шуда омадагӣ ҳам муфассал ҳикоя кард. Падари вай Ҳомидбой як вақтҳо калонтарин бойи Баландтеппа буд. Аз як худи токзор қариб саду панҷоҳ таноб дошт. Боз молу мулки дигари бисёре. Вақте ки замину чорвояшро ба камбағалҳо тақсим карда доданд, рафта ба дастаи босмачиҳо ҳамроҳ шуд, то ки аз ҳукумати нав интиқом гирад. Аммо дере нагузашта фидоиёни сурх дастгираш карданд ва ба қатл расонданд. Писараш Ҳотамбойбача дар ин солҳои пурталотум зану фарзанди худро партофта, ба кадом ҷонибе ғайб зада буд. Вале ҳамин ки солу замона тинҷтар шуд, ба қишлоқ баргашта, ба колхоз ариза дод. Бо аспу аробаи худ се-чор моҳ нағз хизмат карда буд, ки ба колхоз қабул карданд. Аммо Ҳотамбой дар ин ҷо наосуд. Дар як шаб ҳам занаш, ҳам писараш ба кадом як дарди ногаҳонӣ печида мурда монданд. Ҳотамбой, аз афти кор, ба мусибат ва танҳоӣ тоб наоварда, ба шаҳр рафт ва дар он ҷо гоҳ савдогарӣ, гоҳ аробакашӣ ва гоҳе ягон кори дигар карда, рӯзи худро гузаронда мегашт. Раиси колхоз хабар надорад, ки Ҳотамбой ҳоло бо чӣ кор машғул аст. Охирин бор ду сол қабл аз ин омада буд, то ки бинобар гуфти мардум, мазори ин ҷо ва қабри падарашро зиёрат намояд.
Комилов барои маълумоти муфассал ба раис ташаккур хонду мувофиқи супориши сардораш ба идора телефон кард.
— Хӯш, ба чӣ хулосае омадед? — пурсид Сафаров бо телефон.
— Ба фикрам, Насимро дурусттар санҷидан зарур, — изҳори ақида кард Алиҷон.
— Аз раис хоҳиш кунед, ки ҳамроҳи ҳамон бригадираш ба шаҳр як омада равад, — гуфт майор ва таассуф баён кард, ки Комилов ба Баландтеппа сурати девонаро набурдааст, вагарна ду каси серкорро ташвиш дода, дар ин бевақтӣ ба ин қадар роҳ овардан лозим намешуд.
Раис ва Шарофов ба шаҳрравӣ розӣ шуданд.
Дар касалхона онҳоро Сафаров мунтазир буд. Аввал раисро ба кабинети профессор Чуприн дароварданд. Дар рӯи стори профессор якчанд сурат мехобид.
Ба саҳ. 83.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё