Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Раис онҳоро аз назар гузаронда, якеро ба даст гирифт дуру дароз синчакунон гуфт:
  • Ана ҳаминаш Насим барин, лекин лабаш, сони манаҳаш хеле сергӯшттар менамояд. Одамон мегуфтанд, ки Насим ду баробар фарбеҳ шудааст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад...

Бо фармоиши майор бригадирро ба кабинети профессор дароварданд. Шарофов низ суратҳоро як-як аз назар гузаронда, ба ҳамон расме ки раис бештар диққат карда буд, дуру дароз синча карда истод.

  • Ба Насим бисёр монанд, - гуфт ӯ аз сурат чашм наканда. - Лекин чашмонаш... Хайр, чашми девона ҳамин хел хоболуд мешудагист-дия... Не, кимкуҷояш ношинос барин менамояд... - Инро гуфта ба рӯи курсӣ нишасту бо даст пешониашро молиш додан гирифт.

  • Ҳа, ёфтам! - хитоб кард ӯ баногоҳ. - Насими мо дар бари чапи рӯяш, мана дар ин ҷояш дар пеши нармаки гӯш як холи нимранг дошт.

Сурат даст ба даст мегузашт. Насиме ки дар он акс ёфта буд, на дар бари чапи рӯй, на дар ҷои дигар ҳеҷ гуна хол надошт.

Ба ҳавлии ресторани тобистонӣ як кас дохил шуд. Чароғҳои рӯи ҳавлӣ ва шипанг хомӯш карда шуда буданд. Фақат дар болои буфет, дар пешгоҳи шипанг як лампа фурӯзон буд, ки равшании он ба ин канори ҳавлӣ базӯр мерасид.

Насим дар таки дари анбори озуқа ба рӯи зинаи пастаке нишаста, пинак мерафт. Дар паҳлӯяш ба девори анбор таёқи ғафси каҷу килеберо такя кунонда монда буд.

Шахси ба ҳавлии ресторан даромада лейтенант Макрушев буд. Вай андаке мастона қадам партофта омада ба Насим наздик шуду хитоб кард.

  • Насим!

Қаровул гӯё дар хоб бошад, як қад парида, сар боло карду ҳамсӯҳбати дирӯзаашро дархол шинохт ва: «Ҳа, ошно, омадӣ?» гӯён аз ҷояш хест.

  • Даст бардор! - фармон дод Макрушев ва мили таппончаро ба синаи Насим рост кард.
пешина
аз 102
навбатӣ