Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

микрофонҳои ниҳоят устокорона пинҳон карда шуда ва аз мағзи девори тахтагини ангиштхона диктофони хурдеро пайдо карданд.

КАМБАҒАЛРО АЗ БОЛОИ УШТУР ҲАМ САГ МЕГАЗАД

Одамон аз дур истода, ба айвоне ки дар паҳлуи деҳхонаи стансияи электрикии кон бино ёфтааст, нигоҳ мекарданд. Ду мошин ангишти ба зери айвон рехта шударо ба чандин тӯдаи алоҳидаи ҳамвор тақсим карда буданд. Сержанти шофмӯйлабе асбоби дастадори минаҷӯй дар як даст ва як чизи монанди қутбнамо дар дасти дигараш аз тӯда ба тӯдае гузашта ангиштпораҳои дар рӯи фарши бетонӣ паҳн кардашударо як-як месанҷид.

Ҷобиров ба сутуни мобайни айвон такя карда истода, аз ҳаракатҳои сержанти минаҷӯ чашм намеканд. Тақрибан ду соат аст, ки ин кори хатарнок давом дорад. Аммо аз натиҷа ҳамон дараке нест. Минаҷӯ дам ба дам ҳар ду асбоби худро ба як даст гирифта, бо дасти дигар рӯмолчаро бароварда, арақи сару рӯяшро пок мекунад.

Атроф хомӯш. Аз рӯи эҳтиёт стансияи барқро хобондаанд. Гоҳ-гоҳе аз поён аз роҳи калон садои мошинҳои ба ин сӯ оянда шунида мешаваду ба даромадгоҳи посёлка расида, хомӯш мегардад. Ёрдамчиёни Ҷобиров дар он ҷо истода, мошинҳоро ба ин тараф омадан намемонанд.

Ногоҳ капитан нафаси сабук гирифтани сержант-ро шунида, ба ӯ саволомез нигоҳ кард.

— Нисфи кор шуд,— қариб пичирросзанон гуфт минаҷӯ.

Ҷобиров табассум кард.

— Рафиқ капитан, акнун шумо ҳам дуртар равед,— гуфт сержант бо оҳанги илтимос.

Ҷобиров дарҳол фаҳмид, ки минаҷӯ танҳо монда, қисми оташдиҳандаи минаро ҷудо карда гирифта, онро безарар гардониданӣ аст. Таклифи миначиро дар дилаш маъқул ёфта, ба тарафи майдон беихтиёр чанд қадам гузошт, аммо боз ақиб гашт.

пешина
аз 102
навбатӣ