Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ҳам дар ин ҷо меистам, — гуфт ӯ ба ҷои пештарааш расида. Сержант чизе гуфта, аз афташ, эътироз кардаӣ буд, лекин қиёфаи ҷиддии капитанро дида, китф дар ҳам кашиду пушташро гардонда ба рӯи фарш дузону нишаст ва он чизи ёфтаашро ба даст гирифта, чанд дақиқа дар ҳамин ҳолат гӯё шах шуда монд.

Ба назари Ҷобиров ҳар яке аз ин дақиқаҳо мисли як соати том тӯл мекашид.

Ниҳоят, сержант боз нафаси чуқуре гирифта, аз ҷо бархост. Мина дигар безарар шуда буд.

Ҷобиров аз зӯрии ҳаяҷон сержанти мӯйлабдорро ба оғӯш гирифта, аз сару рӯи аракшораш бӯса кард.

Коргарон бӯсу канори ин ду мардро дида, ба тарафи айвон давиданд.

— Бахташон тофт-дия, — гуфт сержант ба коргарони кон ишора намуда, — минаи бисёр зӯр барин менамояд. Механизми соатдораш се шабонарӯз ин ҷониб кор мекардааст. Ана ба ин ҷо нигоҳ кунед, рафиқ капитан, расо баъди чилу шаш соат, яъне саҳл кам ду шабонарӯз таркиш ба амал меомад... Бале, хоҳ дар ин ҷо бошад, хоҳ ба оташдон андохта бошанд...

Ҷобиров ба соаташ нигоҳ кард. Соат аз дувоздаҳ қадаре гузашта буд. Пас механизми минаро рӯзи панҷшанбе тақрибан дар ҳамон вақте ки передатчики номаълум садо бароварда буд, ба кор андохтаанд.

Дигар шубҳае нест, ки душман бо анбори ангишт робита дорад, ӯ ҳатто дар ҳамон ҷо кор мекунад.

Хӯш, Бевзюк-чӣ? Оё ӯ ба ин кор алоқа надорад? Пётр Степанович дирӯз дар пеши назари Ҷобиров исроркорона талаб карда буд, ки ангиштро маҳз ҳамин рӯз кашонанд. Ба замми ин, таппончаи кассир...

Ҷобиров фикру мулоҳизаро давом дода, гумони худро аз Бевзюк худаш рад намуд. Охир, агар Бевзюк конро таркондан мехост, самосвалу ангишту-пангишт гуфта нагашта, минаро дар бағал ё кисааш меоварду ба ҷои дилхоҳаш гузошта, дар вақти дилхоҳаш метарконид. Худаш ҳам дар ин гирдупеш гарангона сар хорида намегашт.

Аммо бо вуҷуди ин, бо мудири хоҷагӣ боз як бор дурустакак гапзанон кардан лозим.

пешина
аз 102
навбатӣ