Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бошад, кормандонро даъват намоед, ки бо кадом саволе набошад даромада сӯҳбат намоянд. Дар сурати толори корӣ кушоду васеъ будан ва дар он мавҷуд будани 5-10 ҷои фаъолият хубтару алоқаю зичтар мебуданд.

Чӣ қадаре ки бо Шумо одамон вохӯранд ва сӯҳбат дошта бошанд, ҳамон қадар муҳити озоди корӣ пайдо мегардад ва кори Шумо пурсамартар мегардад.
Вобаста ба муносибат ба кормандон ташкилотҳоро чунин гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст:

  1. Бюрократӣ.

  2. Марказонидашуда.

  3. Ғайримарказонидашуда.

  4. Нишонагирӣ ба бозор.

  5. Даставӣ.

  6. Соҳибкории инфиродӣ.

  7. Демократикунонидашуда, ё худ ҳамвор.

Муайян карда шудааст, ки аз хабар, ё муносибати қоғазбозӣ дида, вохӯриҳои фардӣ, маҷлисҳо самараи хуб медиҳанд. Аз чунин вохӯриҳо мо тасдиқ ва дастгирии хубтар ёфта, кормандон низ бо як дилгармӣ корро сар мекунанд. Агар Шумо хоҳед ягон ақидаи нав, навоварӣ, ё худ тағйиротеро дар фаъолияти ташкилот ҷорӣ намоед, бо роҳи сӯҳбат фаҳмонда додан беҳтар аст, аз оне, ки бо навиштани мактуб амалӣ менамоед. Аз дигар тараф дар гузаронидани сӯҳбат, ё худ маҷлис саросема нашуда, мазмунро пурра ва ҳаматарафа бояд ба кормандон фаҳмонда диҳед ва баъд аз он худро боз як маротиба бисанҷед, ки оё ман ҳамаи фикрамро пурра гуфтам, ё не? Маро дуруст қабул намуданд, ё не? Оё одамон фикри худашонро гуфта тавонистанд, ё не?
Овозаҳоро метавонам, ки камтар намоям ва ғайра.

Барои пурра қаноатманд шудан, менеҷер метавонад боз аз дигар сарчашмаҳо, ба монанди тахтаи эълонҳо, васоити ахбори умум, почтаи электронӣ низ истифода намоянд. Аз тамоми васоити ахбор моҳирона истифода бурда, маълумотро таҳлил карда, хулосаи зарурӣ баровардан имкон медиҳад, ки Шумо фикратонро пурра татбиқ карред, ё не?

Дар ҳама ҳолат, барои ҳар як корманд, махсусан, барои менеҷерон истифода аз воситаҳои техникии замонавӣ ва ахбори саривақтӣ самаранокии баланди корро таъмин месозад.

Аслан аксари одамон сӯҳбати ғайрирасмиро мепарастанд ва дар ин сӯҳбатҳо рӯйрост низ ҳарф мезананд, яъне сари мизи ғайрикорӣ дар вақти чойнӯшӣ, ё ягон маърака ва дамгирӣ сӯҳбат самимона сурат мегирад. Аммо на ҳамаи менеҷерон инро тарафдорӣ мекунанд, зеро метарсанд, ки мабодо аз муносибати менеҷер ва кормандони ӯ овозаҳои дурӯғ паҳн нашавад. Дар сурати адолатпараст, росткавлу қавиирода будан, менеҷер аз ин овозаҳо натарсида, дар вохӯриҳои ғайрирасмӣ иштирок менамояд ва бурди зиёд ҳам мекунад, яъне аз ҷараёни воқеии кор бохабар шуда, вазъиятро метавонад зери назорат гирад.
Аксар маврид рақибонотон хабарҳо ва овозаҳои дурӯғ паҳн мекунанд, ки Шумо барои барҳам додани онҳо бояд тез чораҷӯӣ намоед.

Гузаронидани маҷлисҳои расмӣ роҳи самараноки расонидани ахбор ба кормандон ва мақсадгузорӣ мебошад. Ҳар як маҷлис бояд масъалаҳо ва қарори ҳалли онҳоро дошта бошад. Масъалаҳо ва ҳалли онҳо бояд ҳатман дар шакли хаттӣ дар суратҳисоби маҷлис дарҷ гарданд ва дар хазинаи ташкилот нигоҳ дошта шаванд. Баъд аз гузаштани мӯҳлате оид ба иҷроиши ин қарор боз муҳокимаронӣ бояд карда шавад. Менеҷер ҳамон вақт соҳиби обрӯю эътибор мегарданд, ки мувофиқи имконот хоҳиши кормандонро иҷро намоянд, ҳар як фардро эҳтиром намуда, муҳити озоди эҷодӣ барпо созанд ва адолатхоҳ бошанд.
Бинобар ин яке аз вазифаи муқаддаси менеҷер ин ба боварии кормандон ноил шудан аст. Барои ин ба даст овардани боварӣ мақоми асосиро усули роҳбарӣ мебозад. Қобилиятнокӣ ва кордонӣ дар қабули қарори донишмандона, ки манфиати коллективро дорад, инчунин росткавлу хирадманд буда метавонад, ки шуморо ба боварии кормандон ноил гардонад.

Дар хотир дошта бошед, ки пеш аз он ки Шумо ба боварӣ ноил гардед, бояд худатон ба одамоне, ки дар дастаатон кору фаъолият доранд, бовар дошта бошед.

Таҷрибаи соҳибкорон ва тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки
фаъолияти асосии роҳбарон ба таъминоти талаботҳои зеҳнии кормандон равона
шуда, талаботҳои эҳсосотии онҳо беназар ‌монанд. Хуб мешуд, агар диққатро

пешина
аз 522
навбатӣ