Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Дар ҳар як маҷлис роҳбар нақшаи тайёрии рӯзномаи маҷлисро пешниҳод менамояд, онро тасдиқ намуда, баъд маҷлисро шурӯъ мекунад.

  2. Лоиҳаи қарор ва баромадҳо пешакӣ бояд ба иштироккунандагон тақсим карда шаванд.

  3. Дар вақти муҳокимаи масъалаҳо шумо ҳамчун раис ба ҳама имкон диҳед, ки фикру ақидаи худро баён намоянд.

  4. Маҷлис бояд вақте гузаронида шавад, ки ба ҷараёни кор халал нарасонанд.

  5. Барои гузаронидани маҷлис ҳамон миқдор вақт ҷудо намоед, ки масъалаҳо ҳаллу фасли худро ёбанд.

Барои он ки роҳбар дар ҳолати ногувор наафтад, яке аз усули фаъолияти ӯ бояд таҳлили масоили ба миён омада бошад. Масоил гуфта, ин фаъолияти душвортареро меноманд, ки иҷрои он қувваю фикрронии иловагӣ талаб менамояд. Бинобар ин, роҳбаре, ки аз ӯҳдаи таҳлили пурраи масоил мебарояд, дар натиҷа боз донишу кордонии навро аз худ менамояд.

Таҳлили масоил низ як қатор талаботҳои худро доранд:

  1. Дар вақти таҳлил роҳбар пеш аз ҳама бояд, ки ояндабин бошад.

  2. Масоилро бояд ҳаматарафа таҳлил карда барояд.

  3. Диққати асосиро ба таҳлили факту рақамҳои аниқ бояд равона сохт.

  4. Доимо диққатро ба тарафҳои мусбии ҳалли проблема равона созед.

  5. Пеш аз ба хулоса омадан боз як бори дигар таҳлил намоед, ки оё ҳамаи далелҳои пешниҳодшуда дурустанд.

Аслан, агар ба мазмуни масъалаҳо назар афканем, дар ҳама ҳолатҳо фарқият ду чиз мебошад: «Он чизе, ки мо ба даст овардаем ва он чизе, ки мо мехоҳем ба даст оварем».

Яъне мо бояд масофаи байни А то В-ро тай намоем. Албатта, дар ин масофа ба мо норасоӣ, ё худ нокифоягии панҷ захираи зерини иқтисодӣ пеши назар меояд.

  1. Захираҳои башарӣ (кормандон).

  2. Захираҳои табиӣ.

  3. Захираҳои капиталӣ (сармоя, молу пул).

пешина
аз 522
навбатӣ