Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Захираҳои ахборӣ (дастовардҳо, қобилият, моликияти зеҳнӣ ва дигар тарзу усули кордонӣ).

  2. Захираҳои вақт (норасогии вақт).
    Бинобар ин, бо мақсади ноил гаштан ба муваффақиятҳо мо пеш аз ҳама нақшаи фаъолияти худро дар асоси таҳлилҳои пурраи захираҳо тарҳрезӣ намуда, баъдан ба фаъолият шурӯъ менамоем.

Сарчашмаи дигари муваффақияти роҳбар ин боварии коллектив, ё гурӯҳро соҳиб гаштан мебошад ва Шумо ҳамчун сарвар вазифадор мебошед, ки ба боварии одамон шомил гардед.

Дар баробари ноил гаштан ба боварии одамон доимо барои он кӯшиш намоед, ки ба қадри он боварӣ бирасед ва коллективро дар ҳама ҳолатҳо муҳофизат карда тавонед.

Барои таъмини чунин як рафтори роҳбарӣ Шумо бояд доимо талаботҳои зеринро дар назар дошта бошед:

  1. Ваъдаи додаро доимо иҷро намоед.

  2. Дар ғайби одамон сухан нагӯед.

  3. Зердастони Шумо бояд аз ҳама масъалаҳое, ки ба онҳо тааллуқ дорад, бояд бохабар бошанд.

  4. Меҳнат бояд боадолатона баҳо дода ва қадр карда шавад.

  5. Аз кӯмаки зердастони худ даст накашед.

  6. Ростқавлу қавиирода бошед.

  7. Доимо аз аҳволи кормандонатон бохабар бошед.

Яке аз раванди дигари нигоҳдории боварӣ ба шумо ин дастгирии психологӣ мебошад. Дар ҳолатҳои вазнини рӯҳи кормандонатонро бояд ҳимоя ва дастгирӣ намоед. Махсусан, вақте ки ба сари яке аз кормандони шумо вазнинии зиндагӣ — ба мисли он ки хешу табори наздикашон аз дунё мераванд, кӯмаки психологӣ ва молии шумо шарт ва зарур мебошад.

Унсури муҳими нигоҳ доштани боварӣ ва таъмини самаранокии кори
роҳбарӣ ин намунавӣ будани роҳбар мебошад. Сарвари хирадманд барои
кормандон бояд ҳамчун як идеал ва намунаи ибрат буда, дигаронро аз қафои
худ бурда тавонад. Калиди муваффақиятҳои кори пешво дар дастгирии
ҳаматарафаи коллектив мебошад. Бинобар ин, доимо ҳаракат намоед, ки касеро

пешина
аз 522
навбатӣ