Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳалли дигар масъалаҳои ҷорӣ битезонад. Дар баробари иҷрои бомуваффақияти корҳо муҳити психологию корхона низ хуб шуда, ҳавасмандӣ меафзояд.

Барои ба чунин дастовардҳо ноил гаштан, менеҷменти корхона бояд кормандонро дар рӯҳияи фикрронии аналитикӣ тарбия карда, доимо онҳоро барои баландбардории ихтисос водор намоянд. Пеш аз ҳама барои донишмандӣ дар соҳаи компютер ва барномаҳои компютерӣ диққат диҳад, чунки электроника бо ҳаёти одамон ва соҳибкорӣ пайвастагии зич дорад ва бе истифода аз он самаранокии соҳибкорӣ ғайриимкон буда, корхонае, ки аз навовариҳои техникӣ, электронӣ истифода намебарад, бозорро аз даст медиҳад.

Бояд қайд кард, ки чунин як муҳити самимии кориро ташкил намудан бе сӯю фаъолияти роҳбарон — устодон ғайриимкон мебошад. Яъне устоде лозим мебошад, ки доимо камбудиҳо ва норасоиҳоро бартараф карда, таъсири мусбии худро расонида тавонад. Ин гуна устодон бояд бо тарзи устод-машваратчӣ ё ин ки мураббӣ фаъолият намоянд.

Мақоми мураббӣ пеш аз ҳама дар тарбияи ҷавонони нав ба кор омада, ҳамчунин кормандони таҷрибаи кофии кордонӣ надошта хеле муҳим мебошад.

Хуб мешуд, агар мураббӣ кори худро дар асоси пайдарпайии зерин ташкил мекард:

  1. Мақсадгузории фаъолияти шогирдон.

  2. Ҷалб намудани шогирдон ба машварати озоди касбӣ.

  3. Масъалагузорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо.

  4. Дастурамал ба шогирдон оид ба корҳои аниқ ва ҳолатҳои аниқ.

  5. Дастгирии комёбиҳои шогирд ва ҳавасмандкунонии онҳо.

Мураббии ҳақиқӣ ҳамон вақт ба муваффақиятҳо ноил мегардад, ки агар худ намунавӣ бошад. Ташкили муҳити дӯстию рафоқат ва рафтори намунавии роҳбар дар коллектив, хеле зарур буда, бояд ба стандартҳо ва меъёрҳои баланди инсонӣ мувофиқат намуда, доимо дар инкишоф бошанд. Дар ин ҷода истифода аз маслиҳатҳо ва дастурҳои шахсони бузург, хирадмандону донишмандони гузашта истифода кардан хеле ҳам самаранок мебошанд.

Барои истифодаи таҷрибаю кордонии бузургони гузашта ташкили гурӯҳҳо
— дастаҳои хуби корӣ самаранок мебошад. Ҳар як аъзои даста бояд дониши баланди касбӣ дошта, хислати коллективии ҳалли масъаларо дошта бошанд.

пешина
аз 522
навбатӣ