Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Албатта, муносибат ба омӯзиш хусусияти анъанавии ҳар як мамлакат аст. Мисол, ҷопонҳо диққати асосиро ба омӯзиши ҷараёни кор, немисҳо ба навиштани ҳар гуна дастурамал ва пешниҳодҳо, амрикоиҳо ба идора кардани ҷараёни кор дода, англисҳо бештар ба тасаввури фаъолият равона карда меомӯзанд.
Дар ҳар ҳолат омӯзиши самаранокро китоб ва лексия таъмин месозад. Бигзор кормандони донишманди таҷрибадор вазифаи устоди мураббиро ба ӯҳдаи худ гиранд.
Вазифаи муҳиме, ки мураббӣ ба ӯҳдаи худ бояд гирад, ин дарёфтани қобилият ва инкишофи қобилиятнокии кормандон аст. Роҳбарон ин имконро истифода карда, вазифадор мебошанд, ки қобилиятро ҳавасманд намоянд.
Дар ташкилотҳои калон шахсони қобилиятнок аксар маврид аз мадди назар дур мемонанд. Бинобар ин, вазифаи муҳими роҳбар он мебошад, ки роҳу усулҳоро кор карда барояд, то шахсони фавқулодда қобилиятнок ҳиссаи худро дар иҷрои кори ташкилот гузошта тавонанд. Мутахассисон муайян намудаанд, ки аслан шахсони қобилияти баланд дошта, дар ташкили корҳои ҷамъиятӣ, ҷамъомадҳо, шабнишиниҳо, семинару сӯҳбатҳо фаъол буда, қобилияту дониши худро хуб нишон дода метавонанд.
Бинобар ин, хуб мебуд роҳбари ташкилот чунин вохӯриҳои ғайрирасмиро бисёртар ташкил намуда, чунин шахсиятҳоро ҷалб намуда, донишу қобилияти онҳоро боло бароварда, бо ҳамин роҳ кормандонро интихоб намуда гиранд. Дастгирии қобилияти баланди кормандон на фақат дастгирии ӯ, балки муваффақияти ояндаи ташкилот аст.
ЯК чизро фаромӯш набояд кард, ки ҳар қадар қобилияту кордонии кормандон боло равад, ҳамон қадар онҳо хоҳишу имкони зиндагонии хуб, гирифтани даромади баланд ва ҳиссаи зиёдро пайдо мекунанд. Аз ин хотир бояд донед, ки агар ин талаботҳоро қонеъ нагардонед, хоҳиши аз корхонаи Шумо рафтани корманд пайдо гашта, ба корхона зарар меоранд. Барои роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳо роҳбари ташкилот кормандоне, ки аллакай худро нишон додаанд, бояд зери назорати худ гирифта, дар фикри ҳавасмандии моддию маънавии онҳо бошад. Масъалаи ба вазифаи баланд пешниҳод кардани онҳо низ фаромӯш нанамояд. Махсусан кормандонеро бояд интихоб намуд, ки онҳо доимо дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё