Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Омилҳои асосии ҳавасмандкунии қобилият инҳо мебошанд:
❖ худнифодагӣ — дар назди коллектив, гурӯҳ вазифаҳои мураккаби пурмасъул гузоштан;
❖ қобилиятро қабул намудан — кори хубро баҳои хуб додан;
❖ эҳтироми меҳнати ҳамкорон — муваффақияти шахсиятҳоро то ба коллектив расонидан;
❖ ҳунарманди касбӣ, устои кори худ будан — азхудкунии нозукиҳои касби худ ва дар ҳадди камол онро иҷро кардан;
❖ арзанда будан ба вазифа ва касб — таъмини омӯзиш ва тайёрии касбии кормандон;
❖ дастовардҳо — мақсадҳои иҷрошавандаро дар пеши худ гузоштан;
❖ мустақилияти фаъолият — ба кормандон имкон муҳайё созед, ки фаъолияташонро мустақилона ба нақша гиранд;
❖ боварӣ ба худ — дилпур будан аз он, ки кор ба дараҷаи баланди касбӣ иҷро карда мешавад;
❖ коллективизм — бовар кунонед, ки ҳар як корманди Шумо узви вобастаи коллектив мебошад.
Барои амалӣ гаштани омилҳо роҳбари ташкилот вазифадор мебошад оид ба нақшаҳои стратегии худ ба ҳамаи кормандон ахбори пурра диҳад, то ҳар як аъзои коллектив тавонад, ҷои худро дар иҷрои ин мақсадҳо ёфта ҳиссагузорӣ намояд.
Роҳбар вазифадор аст, ки бефосила оид ба фаъолияти ташкилот, равандҳои асосии инкишоф, бурду бохт пурра ва рӯйрост ба кормандон фаҳмонда диҳад ва фикру дастгирии онҳоро қабул намояд.
Самаранок мебуд, агар роҳбар як қисми ҳуқуқу вазифаҳои худро ба муовинони худ тақсим карда, ба онҳо бовар мекард. Дар ҳар сурат ҳамчун роҳбар бояд қарорҳое қабул намоед, ки ғайр аз Шумо каси дигар қабул карда натавонад. Дар вақти қабули қарор, роҳбар бояд қайд намояд, ки кадоме аз вазифаҳоро худи ӯ ва кадомеро дигарон иҷро менамоянд. Бо ин роҳ мо метавонем аз қобилияти дигарон истифода карда, вазифаҳоро дар сари вақт ва самаранок иҷро намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё