Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Навовар будан.

  2. Садоқат ба кори худ.

  3. Ростқавлу адолатпараст будан.

  4. Синну сол ва ҷинс.

Шахсиятҳое, ки аз рӯи ёздаҳ хислат нишондиҳандаҳои мусбӣ доранд, қобилияти баландро соҳиб мебошанд.

Ҷустуҷӯи қобилиятҳои баланди роҳбарӣ вазифаи касбии менеҷмент нест, вале дар вақти иҷрои вазифаи банақшагирӣ, ташкил ва банизомдарории истифодабарии захираҳои ташкилот менеҷерон вазифадоранд, оид ба хислатҳо ва қобилияти алоҳидаи кормандон хулоса бароранд, онҳоро таҳлил карда бурду бохтро муайян созанд.

Мисол, агар ба вазифаи менеҷер Шумо кормандро пешниҳод кардан хоҳед, дар назар дошта бошед, ки оё ӯ ба кори доимӣ қобилияти пайваста дорад ё не, оё ӯ метавонад, ки аз як кор тез ба кори дигар гузарад. Барои ба ин мақсадҳо расидан зарур аст, ки ҳамкоронро пештар ба ин масъалаҳои муҳими корӣ шинос намуда, онҳоро тайёр намоем. Корҳои пешакии омодагӣ аз тартиб додани рӯйхати кормандони ояндадор сар шуда, то омӯзишу ба вазифа таъин кардани онҳо давом менамоянд, яъне кадом шахсияте, ки мехоҳад роҳбар шавад, бояд таҷрибаи хуби корӣ ва қобилияти якчанд корро якбора иҷро карданро доро бошад.

Аксар роҳбарон хоҳиши онро доранд, ки шахсиятҳои вазифадори ӯҳдабароро мӯҳлатҳои дароз дар роҳбарӣ нигоҳ доранд ва бо ин роҳ садди роҳи инкишоф ва пешравии кормандон мегарданд. Ҳатто баъзе ташкилотҳое дида мешаванд, ки бо назардошти ба дигар ташкилотҳо гузаштан аз инкишофи касбии кормандони худ метарсанд. Чунин ташкилотҳо аслан қувваи кории қобилияти касбии пастро соҳиб мебошанд. Мо на бояд аз ба дигар кор гузаштани кормандон битарсем, балки онро ҳамчун яке аз унсури хуби инкишоф қабул намоем.

Истифода аз фикрронии коллективи қобилиятнок, иҷрои дастаҷамъии супориш, ё худ қарори идоравӣ самаранок буда, имкон медиҳад, ки ҳар як корманд қобилият ва кордонии худро амалӣ гардонида, фаъолияти худро идора карда тавонад.

пешина
аз 522
навбатӣ