Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

доимо тайёр бошед, ки шояд сухани Шумо, ё рафторатонро
написанданд, ё қабул нанамоянд;

агар касеро ба қаҳру газаб овардед, албатта, бахшиш пурсиданро фаромӯш накунед.

Ба саволҳои дар боло овардашуда ҷавоби дуруст ёфта, Худо хоҳад Шумо ба худ боварӣ пайдо карда, назоратро аз болои эҳсосоти худ мустаҳкам намуда, дорои обрӯю эътибори калон мегардед.

Агар муноқиша коллективӣ гирифта бошад, он гоҳ аз кормандон хоҳиш намоед, ки сабаб ва сарчашмаҳои онро пурра нишон диҳанд ва Шумо онро ҳаматарафа муҳокима намоед. Дар ин нуқта низ мақоми миёнарав хеле муҳим мебошад. Аксар вақт ин мақомро иттифоқи касабаи ташкилот ба дӯши худ дорад.

Вазифаи роҳбар дар ин ҳолат аз он иборат мебошад, ки ба ҳодиса объективӣ баҳо дода, адолатпарастиро пешаи кори худ менамояд. Дар ҳар сурат роҳбар бояд оромиро интихоб намуда, дар мавқеи худ устувор бошад.
Тарафи якеро гирифтан роҳи ҳалли муноқиша набуда, балки ба мушкилӣ ё авҷ гирифтани он оварда мерасонад. Роҳи дигари ҳалли масоили коллективӣ дар вақти сар задани муноқиша он мебошад, ки агар таркиби гурӯҳ дигар карда шавад, ё ҷойҳо иваз карда шавад.

Роҳбар набояд ба талаботҳои беасоси иштироккунандагони муноқиша риво шавад, беҳтараш роҳи дигари ҳалли масъаларо андеша намоед.

Фикрронӣ оид ба ҳалли муноқиша бояд ҳаматарафа, чуқур ва решаҳои пайдоиши ҳолатҳо бошад. Танҳо ҳамон вақт роҳи дурусти ҳалро пайдо месозед, ки решаҳои онро меомӯзед, новобаста ба он ки маблағгузории иловагӣ талаб мекунад, ё не. Шумо бояд роҳҳо ва усулҳоеро пешниҳод намоед, ки ба стратегияи ояндаи ташкилот таъсири манфӣ нарасонад ва ин муноқиша дигар пайдо нагардад. Мақсади асосӣ на фақат аз байн бурдани муноқиша, балки дигар такрор, ё худ сар задани он дар оянда бошад.

Муаммои дигаре, ки роҳбарон рӯбарӯ мегарданд ин мушкилиҳо ва
проблемаҳои шахсии кормандон мебошад. Чунин як муҳити кориеро ташкил
намоед, ки кормандон натарсида оид ба муаммоҳои шахсиашон рӯрост сухан
гӯянд, чунки муаммоҳои шахсӣ ба монанди масоили саломатӣ, мушкилии
молиявӣ, иҷтимоӣ, оилавӣ ва ғайра метавонад ба кори коллектив ва натиҷаи охирини кори ташкилот таъсири манфӣ расонад.

Вазифаи роҳбар дар назди кормандон оид ба масоили фардӣ пеш аз ҳама ҳолати шахсро фаҳмидан ва дастгирии кормандон дар ҳолатҳои мушкил мебошад. Ин амалро бо роҳи додани маслиҳатҳо, ёрии молиявӣю ҳуқуқӣ, ё додани рӯзҳои дамгирии бенавбат иҷро кардан мумкин аст.

Пеш аз он ки мехоҳед ба корманд ёрӣ расонед, ба он бикӯшед, ки шахс фикри худро пурра бигӯяд, шумо оид ба фикрҳои шунида хулоса баровед ва мулоҳизакор бошед. Бикӯшед, ки кормандон ба Шумо рӯрост сухан бигӯянд.
Шумо низ дар навбати худ ба рӯйрост сухан гуфтан одат кунед ва ҳеҷ гоҳ шахсро дар ғоибаш танқид нанамоед, дар кадом муноқишае, ки набошад кушодарӯй бошед. Таҷрибаи одаму бузург гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо аслан дар вақти қаҳру газаби зиёд доштан «табассум мекарданд» ва инро дигарон низ ҳис намуда оҳиста хомӯш мешаванд. Дастгирӣ ва баёни масоили фардӣ хусусияти миллӣ низ дорад. Мисол, роҳбарони англис, тоҷик ва рус мушкилиро камрадифӣ мекунанд, амрикоиҳо ва немисҳо на он қадар диққат медиҳанд, ҷопонҳо ва хитойҳо масоили фардиро муаммои ҳар як шахс дониста, қайд мекунанд, ки муаммоҳои шахсӣ ба кор бояд таъсир нарасонанд.

Дар ҳар ҳолат менеҷери ба масоили фардӣ гирифтор шуда, худро дар канор нагирифта, аз кӯмаки ҷамъиятӣ истифода намояд. Мисол, касалии табобатнашаванда, ё ин ки майзадагиро бояд табибон ҳаллу фасл намоянд.
Махсусан, дар Шарқ бисёр ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки аксар роҳбарон ба хотири хизматҳо, ё худ дигар сабабҳои объективӣ наметавонанд мӯҳлатҳои дароз корманди бемори рӯҳӣ, ё кӯҳансолро аз вазифа озод намоянд. Чунин як ҳодиса боиси костагии кори менеҷменти ташкилот мегардад. Ин гуна ҳодисаҳоро бештар дар муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои олӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки устод ба бемории рӯҳӣ ё араб дар пиронсолӣ гирифтор асту мо ба хотири дар ҷавонӣ устоди хуб буд ӯро аз кор гирифта наметавонем, яъне хотирбинӣ менамоем. Дар натиҷаи чунин хотирбинӣ мо сифати кори ташкилотро коста карда, дар тарбияи шогирдон ба хатогӣ роҳ медиҳем.

Муаммои дигари фардӣ дар ташкилот, ин муаммои баробарҳуқуқии марду
зан мебошад, ки аз муаммои шаҳвонӣ сар зада то ӯҳдадориҳои дигари шахсию

пешина
аз 522
навбатӣ