Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ҷамъиятӣ анҷом меёбад. Саҳми ҳар як коргарро дар ташкилот аз рӯи манфиаташ ё худ мавқеаш муайян бояд кард, на аз рӯи ҷинсияташ. Бинобар ин, хуб мебуд агар Шумо барои марду зан шароити якхела муҳайё месохтед ва дар ҳолати ҳалли муаммоҳои оилавӣ, низ чунин қоидаро риоя менамудед.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки як қатор муаммоҳои фардӣ ва коллективӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо дар якҷоягӣ омили асосии пешравии кори Шумо мебошад. Барои ба ҳолати хуби корӣ гузаштан аксар маврид, дигаргунӣ, ё худ ислоҳоти ташкилот самаранок мебошад. Пеш аз дигаргунӣ ё худ ислоҳоти ташкилӣ лоиҳаро ҳаматарафа санҷида баромада, мақсади асосиро бояд муайян созем. Ақидаи нав ва эҷодкориро тарзе бояд амалӣ гардонед, ки тарафҳои мусбии иҷтимоии он, яъне ғамхорӣ дар ҳаққи одамон, дар мадди аввал гузошта шавад.
Талаботи дигари ислоҳот ин таъмини иҷроиши пайдарпайи он мебошад.
Дар ҳар як зина роҳбариро бояд ба низом дароварда ба тарафи рост ё чап ислоҳ намоед. Ҳаракат намоед, ки ҳар чи зиёдтар кормандон дар дигаргунсозӣ иштирок намоянд. Дар ҳолати дар қабули қарор иштирок накардан, дар иҷроиши он низ фаъол намебошанд.
Бинобар ин, пеш аз ҷорӣ намудани дигаргунӣ ҳаракат намоед, ки ба коллектив имкони фикрашонро баён намудан диҳед. Бигузор кормандон оид ба қарорҳои чӣ оддӣ ва чӣ мураккаб фикри худашонро гӯянд. Ба шахсони донишманди коллектив дар машварат бошед.
Дар вақти иҷрои ислоҳот роҳбар бояд ҳатто ҳиссаи хурд ё ин ки дастгирии ҳар як кормандро ба инобат гирад.
Тарафдорони ислоҳотро аниқ карда, аз онҳо истифода баред. Дар ҷараёни ислоҳот чӣ қадаре, ки муқовиматҳоро тез аз байн бубаред, ҳамон қадар манфиат дорад.
Хусусиятҳои хоси тарафдорони дигаргунсозӣ инҳо мебошанд:
❖ қобилияти фикронии ғайриодиро доранд; ❖ доимо ҳаракати дигаргунсозӣ ва беҳтаршавии кору зиндагиро менамоянд; ❖ қувваи бузурги дохила дошта, худро назорат карда метавонад.
❖ фикрронии озодро доро мебошанд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё