Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар давоми ҳазорсолаҳо мавқеи ҷазо дар танзими муносибатҳо ҷои худро гум накардааст, балки талаботҳои худро пурзӯр қавӣтар гардонидааст, яъне хоҳ коргари оддӣ, хоҳ корманди баланд барои рафтори нодуруст бояд ҷазои сазовор бигиранд. Тамоми қоида ва қонунҳои ҷазо аз тарафи давлат ба танзим дароварда шудаанд, ки истифодаи онҳо дар ташкилот аз фоида холӣ нест. Дар баъзе давлатҳо барои рафтори нодуруст то ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, ки хеле мудҳиш аст. Лекин дар ҳаёт ҳолатҳое мешаванд, ки натиҷаи рафтори нодурусти одамон аз ин ҷазо дида ду се ё якчанд маротиба зиёд ва вазнин мешаванд.
Албатта дар чунин ҳолат ҳар як фард ҷазои қатлро метавонад тарафдорӣ кунад.

Рӯҳшиносон вобастагии сахт будани ҷазоро аз натиҷагирӣ муқоиса карда, чунин хулоса мебароваранд, ки аслан то як дараҷае ҷазо самаранок буда, дар мавриди дигар самаранокии худро гум мекунад ва он пеш аз ҳама аз хусусияти рӯҳии одамон вобастагии калон дорад. Ҷазои боақлона аз якчанд омилҳо вобастагӣ дорад:

  1. Аз мураккабии супориш, ки ба хатогӣ роҳ дода шудааст.
  2. Рафтори вазнини системавӣ, ки ба ин роҳ оварда расонид.
  3. Муносибати коллектив ба шахсият.
  4. Хусусияти психологияи шахсият.
  5. Хусусияти зеҳнии шахсият.

Аслан ҷазо на бояд фикр ё ин ки хоҳиши роҳбар бошад, балки асоси онро вайронкории дидаю донистаи корманд оид ба меъёрҳои ҳуқуқӣ, этикӣ ва инсонии фаъолият дар корхона бошад. Дар ҳолате, ки коллектив ҷазои роҳбарро нисбат ба шахсони ҷабрдида қабул менамояд, самараи худро нишон медиҳад.
Вале, ҳангоме ки коллектив бо сабабҳои номаълум вайронкорро тарафдорӣ менамоянд, роҳбар водори андеша мешавад, ки бо кадом сабаб чунин ҳолат ба миён омад ва хатои худро ёфта, аз ҷазодиҳӣ даст кашад. Мақсади асосии ҷазо низ бояд ба сарҷамъӣ ва ба низом даровардани коллектив равона карда шавад ва характери тарбиявӣ дошта бошад. Бинобар ин, дастгирӣ ва дарки коллектив оид ба пешниҳоди ҷазо шарти зарурӣ мебошад. Оид ба пешниҳоди ҷазо ва қарори он ба ҳар як аъзои коллектив расонида шуда, дар вақти муҳокима шахсро не, балки рафтори ӯро бояд муҳокима намуд.

пешина
аз 522
навбатӣ