Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Аз кор озод намудан ҳам барои коллектив ва ҳам барои роҳбар ҳодисаи нохуш мебошад. Аксар маврид сабаби аз кор рафтани кормандон ин муноқишаи байни роҳбару корманд, байни шахсони алоҳидаи коллектив ва дар ҳолатҳои дигар аз ноӯҳдабароии уҳдадориҳо ва талаботҳои ташкилот зоҳир мегардад, ҳарчанде пеш аз оне шуморо ба кор қабул кардан, роҳбари ташкилот бо Шумо сӯҳбат гузаронида ҳамаи тарафҳои фаъолият, талаботҳоро фаҳмонда, ризогии Шуморо мегирад. Лекин дар вақти ба ҳолати воқеӣ рӯбарӯ гаштан коргар ҳис мекунад, ки ба иҷрои ин вазифа тайёр набуда, мушкилӣ мекашад ва дар натиҷа маҷбур мешавад, ки корро тарк намояд.

Барои коллектив миқдори аз кор озодшудагон он қадар моҳият надорад, аммо сабаби аз кор рафтани одамон моҳияти калон дорад ва ба фаъолияти роҳбар низ бетаъсир намемонад.

Бинобар ин, дар ҳалли ин масъала низ роҳбар бояд боандеша буда, ҳамаҷониба ва пурра санҷида, баъд хулосаи худро барорад.

33.4 Баҳодиҳӣ ва мукофот ба натиҷаи кори кормандон

Яке аз вазифаи муҳими менеҷер баҳодиҳии иҷрои кори кормандон ва додани ҳақмузди он мебошад, ки метавонад муносибати кормандонро ба танзим дарорад ва ҳавасмандӣ онҳоро таъмин созад. Аз тарафи дигар баҳо додани иҷроиши корҳо ин ҷараёни баҳодиҳии системавии қобилияти кордонӣ, ҳосилнокии меҳнат ва таъмини алоқаи баръакси кормандон мебошад. Чунин як баҳодиҳӣ имкон медиҳад, ки иҷрои корҳо ва фаъолияти кормандонро ба танзим дароварда ба ҳосилнокии баланд ноил гардем.

Мисол, агар фурӯши автомобил дар як моҳ 20 дона ба нақша гирифта шуда бошаду Шумо 2 дона савдо кунед, он гоҳ менеҷер маҷбур мешавад, ки фаъолияти Шуморо таҳлил карда хулосаи худро барорад, яъне баҳодиҳӣ бояд ба натиҷаи фаъолият нигаронида шуда таҳлил карда шавад. Дар ин ҳолат менеҷменти корхона таъсири омилҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо менамояд, яъне гурӯҳи

пешина
аз 522
навбатӣ