Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

худбаҳодиҳӣ мебошад, яъне кормандон бо роҳи супоридани имтиҳони тестӣ аз рӯи ихтисос ва фаъолияти худ муайян менамоянд, ки онҳо то чӣ андоза барои иҷрои вазифаи худ арзандаанд.

Нишондиҳандаи миқдорӣ низ яке аз роҳҳои баҳодиҳӣ мебошад, яъне дар як муддати вақт корманд чӣ миқдор маҳсулот истеҳсол намуд, чӣ қадар молро аз назари сифатнокӣ гузаронд ва ғайраҳо.

Нишондиҳандаи дуюм сифати кор, яъне бенуқсон ва дар сари вақт иҷро намудани корҳо низ аз тарафи менеҷмент баҳо дода мешавад.

Нишондиҳандаи сеюм ҳосилнокии меҳнат, ин вақти холии таҷҳизотҳо, муҳлати хизмати онҳо, бо сабаби ноӯҳдабароии корманд, то аз кор баромадани таҷҳизоту техникаю технологияи истеҳсолот.

Дар ташкилотҳо ҳолати дигаре дида мешавад, ки фаъолият ё корро гурӯҳи одамон иҷро менамоянд, ки ҳосилнокии ҳар яке аз онҳоро муайян кардан аз рӯи натиҷаи кор ғайриимкон мебошад. Дар ин ҳолат менеҷмент ҳосилнокии меҳнатро аз рӯи рафтори корманд, яъне риояи реҷаи корӣ, муносибати хуб ба атрофиён, тоза нигоҳ доштани ҷои корӣ ва доимо дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани таҷҳизотҳо ва амсоли он муайян месозад.

Баҳодиҳӣ аксар маврид аз тарафи шахсоне, ки бо роҳи гузаронидани хронометраж хулосабарорӣ мекунанд, ё бо роҳи тафтиши ҳуҷҷатҳое, ки аз натиҷаи кор гувоҳӣ медиҳанд, гузаронида мешавад.

Усули дигари мақбули баҳодиҳӣ ин:

  1. Мавқеъгузорӣ - баҳодиҳии нисбии ҳосилнокии меҳнат аз хуб то бад.

  2. Муқоисавӣ - баҳодиҳӣ ба роҳи муқоиса бо дигар кормандоне, ки дар ҳамин вазифа фаъолият менамоянд, ё ин ки ба ҳосилнокии баланди меҳнат дар соҳа.

  3. Тақсимоти маҷбурӣ - яъне олӣ, хуб, бад, бисёр бад ё ин ки аъло, хуб, миёна, паст ва ғайра. Баъзе роҳбарон барои баҳои объективӣ гирифтани кормандони худ китобҳои махсуси эродҳо ва пешниҳодҳо ё ин ки қуттиҳои эродҳоро мекушоянд, ки шахсони бегона, мизоҷон метавонанд фикру ақидаи худро бе сабти ном рӯирост нависанд.

  4. Усули рейтингӣ - ба рафтори кормандон вобастагӣ дорад. Ин усул аз
    гурӯҳи саволҳост иборат мебошад, ки рафтори кормандро пурра инъикос

пешина
аз 522
навбатӣ