Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

истифода карда мешавад, то муайян карда шавад, ки то чӣ андоза он ба фаъолияти кормандон вобаста мебошанд.

Махсусан шахсоне, ки ба вазифаи баланд пешниҳод мегарданд, дар назар доштани стандартҳои баланди ҳосилнокии меҳнат дар навбати аввал меистанд.

Аз дигар тараф андозаи музди меҳнат, ки бевосита ба ҳосилнокии он вобаста мебошад, ҳавасмандии кормандонро баланд бардошта эҷодкориро дар кори менеҷмент таъмин месозад.

Алоқаи баръакси баҳодиҳӣ ба қарори инкишофи ташкилот. Баҳодиҳӣ имкон медиҳад, ки ҳар як корманд худро рӯҳан ба иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузоштаи ташкилот тайёр намуда, аз иҷрои он бо сарбаландӣ барояд.
Чунки ӯ медонад, ки меҳнаташ қадр ва баҳо дода мешавад. Баҳодиҳиро ҳамчун воситаи асосии инкишофи санъати менеҷмент истифода кардан мумкин аст.
Чунин натиҷагирии фаъолиятро менеҷер барои муайян кардани масоили мавҷудбуда дар иҷрои кори шогирдон ва дар вақти омӯзиши камбудиҳо истифода мебарад. Аз пурсишҳо маълум мегардад, ки баҳодиҳии фардии ҳосилнокии меҳнат ва таълими ҳаматарафаи он ҳамчун воситаи бамақсадрасӣ истифода карда шавад, хеле самаранок мебуд.

Аз рӯи анъана баҳодиҳии ҳосилнокии меҳнатро менеҷере мегузаронад, ки бевосита ба ташкили меҳнати гурӯҳ, ё коллектив ҷавобгӯ мебошад, аммо тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки баҳодиҳӣ аз тарафи одамони беруна аниқтару хубтар иҷро карда мешавад.

Дар мамолики тараққикарда чун Амрико, Ҷопон, Олмон ва дигарон баҳодиҳӣ на фақат аз тарафи кормандони ташкилот гузаронида мешаванд, балки асосан аз рӯи нишондиҳандаҳои пурсишҳои мизоҷоне, ки бевосита корманд ба онҳо хизмат мерасонад, ё иҷрои вазифа мекунад, баҳо дода мешавад. Чунин усулро баҳодиҳии «360 дараҷагӣ» меноманд, ки имрӯзҳо хеле инкишофёфта мебошад. Ҳар як корманд ба ҳисоби миёна 5-10 санҷишро мегузарад.
Барномаҳои компютерӣ имкон медиҳанд, ки маълумотҳои зиёдеро оиди баҳодиҳӣ истифода карда қарори стандартӣ қабул намоем.

Мисол, дар вақти қабули довталабон ба мактабҳои олӣ муҳлати зиёде
имтиҳони тестӣ ҷорӣ шудааст, ки натиҷаи мусбии худро дар вақти қабули
довталабони донишманд додааст. Усули дигари баҳодиҳии кормандон, ин усули

пешина
аз 522
навбатӣ