Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ба хотири он ки музди меҳнат мегиранд, ба роҳбарият боварӣ доранд, чӣ хеле ки мизоҷон ба Шумо боварӣ доранд.
  2. Онҳо метавонанд худашон моли ташкилотро бихаранд, ё аз хизмати он истифода кунанд.

Бинобар ин ҳаракат намоед, ки кормандон мизоҷони беҳтарини ташкилот бошанд. Мисол, агар дар ташкилоти автомобилбарорӣ ки 5000-10000 коргар кор мекунанд, ҳар яке 1 донагӣ автомобилро харидорӣ намояд ва боз чанд нафари дигарро ҷалб намоянд, Шумо чӣ қадар автомобил мефурӯшед?

Ақидаҳои нави кормандонро, ки таҷрибаю қобилияти корӣ доранд, қабул намуда, онҳоро ба мукофотҳо сарфароз гардонед ва онро дар байни кормандон эълон намоед, то дигарон низ ҳис кунанд, ки аз пешниҳоди ақидаи нав онҳоро молиягузории иловагӣ интизор аст.

Раванди бовоситаи ҳавасмандкунии кормандон ин молиягузорӣ ба муҳити корӣ ва вазъи саломатии кормандон мебошад.

Имрӯзҳо дар қисми зиёди компанияҳои хориҷӣ дар навбати аввал диққатро ба қувваи ҷисмонии кормандон медиҳанд. Чунки фақат одами солим метавонад чунин самаранокӣ ва шиддатнокии корро таъмин созад. Як рӯз ба кор наомадани корманд, ба ташкилот зарари калон мерасонад. Яъне агар корманд ба сабаби беморӣ ба кор наояд, ё ки ҳолати эҳсосотии ӯ хароб бошад, ин метавонад ба натиҷаи ниҳоии кори корхона таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, саломатии кормандонро низ ба монандӣ дониши онҳо бояд беҳтар намоем.

Барои расидан ба ин мақсад ташкилот бояд ҳар як вақти муайян тамоми коргаронро аз ташхиси духтур гузаронад, аз ҳисоби маблағҳои ташкилот, роҳхатҳои табобатӣ дар вақти дамгирӣ ё худ баъди беморӣ ба кормандон дастрас шаванд. Молиягузорӣ ба саломатӣ дар қатори баландбардории ихтисос дар ташкилот бояд ба роҳ монда шавад. Албатта, агар мо фақат дар вақти бемории корманд роҳхату молиягузорӣ намоем, ин нодуруст мебуд, чунки кормандони синну солашон калону барҷомонда ба ин соҳиб мешуданду ҷавонону миёнасолон дур мемонданд. Бинобар ин, новобаста аз синну сол ва беморӣ маблағҳоро барои пешгирии беморӣ, нигоҳдории муҳити солими корхона, солимии кормандон ҷудо намоем, ҳавасмандии одамон хеле баланд мегардад.

пешина
аз 522
навбатӣ