Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
33.5 Ташкили кори мураббийӣ доир ба ҳунармандии
кормандон
Ташкили кори мураббӣ дар ташкилот имкон медиҳад, ки қобилияти кормандони ҷавон аниқ ва масоиле, ки садди роҳи инкишофи ҷавонони қобилиятнок мегарданд тез аз байн рабуда шаванд. Аз тарафи дигар ташкили кори мураббӣ имкон медиҳад, ки кормандон усули конструктивии фаъолиятро омӯхта дар ҳалли масоили инкишофи стратегии ташкилот фаъол бошанд.
Дар забони менеҷмент ташкили кори мураббигиро коучинг меноманд, ки маънои санъати баланд бардоштани самаранокии кори атрофиёнро дорад.
Менеҷероне, ки ба кори коучинг машғул мебошанд, дар шогирдон санъати кордонию навовариро тарбия намуда, онҳоро дар рӯҳияи ҳунармандӣ тарбия менамоянд.
Вазифаи ташкили кори мураббигӣ имкон медиҳад, ки фарқияти байни самаранокии кори ҳақиқӣ ва имконпазирро кам намоем, яъне бо истифода аз кордонию ҳунари кормандон ҳосилнокии баланд ба даст оварда шавад.
Якҷоя бо даста баҳо додани фаъолияти корӣ, муҳокимаи самараноки фаъолият ва муайян кардани мақсадҳои нав бояд раванди асосии фаъолияти мураббиро дарбар гирад. Вазифаи дигари мураббӣ, омӯзиши рафтори роҳбарӣ, муоширати байни кормандон, дар ҳолатҳои алоҳида гузаронидани маҷлису ҷамъомадҳо ва вохӯриҳо мебошад.
Барои иҷрои вазифаҳои худ, мураббӣ корашро аз пайдарпайии мантиқӣ сар мекунад, яъне:
муайян кардани мақсад;
такмили ҳолати мавҷудбуда;
тадқиқоти имкониятҳо барои ҳалли ҳолатҳо;
нақшаи иҷроиши вазифаҳо;
истифодаи роҳу усулҳои нав;
натиҷагирӣ, навоварӣ ва реаксияи атрофиён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё