Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
мақсадро назорат карда, шогирдонро, роҳи зина ба зина болоравиро нишон медод.
Ҳар як роҳбар доимо бояд аз худ пурсон шавад, ки оё ман ба коргарам барои ёфтани роҳҳои нави иҷроиши кор, ҳалли масъалаҳои мушкил ва ё мақсадҳои нави эҷодӣ кӯмак намудаам, ё не?
Вазифаи дигари роҳбар, қисме аз ӯҳдадориҳои худро ба шогирдон бовар кардан, то ин ки онҳо низ ҳис намоянд, ки меҳнаташон барои ташкилот зарур будааст ва онҳоро қадр мекунанд. Дар баробари ин шогирдон ҳисоботҳо низ оид ба дастовардҳои худ нависанд.
Баъди додани ҳисобот боз масъалаи навро пеш гузоред, то ин ки кормандон аз фикрронӣ намонанд. Кормандоне, ки фаъоланд ва аллакай худро нишон медиҳанд, ба вазифаи нав ва болотар гузаронед. Махсусан, ноибони худро доимо ба фаъолиятатон аз наздик шинос намоед, то дар вақти зарурӣ Шуморо иваз карда тавонанд.
Бояд қайд кард, ки аксар мавридҳо муноқишаи байни кормандон, ҳайати ташкилот ва мизоҷон ба миён меояд. Қадами аввали мураббигӣ то ҳадди имкон ба муноқиша роҳ надодан мебошад. Доимо имкон диҳед, ки дигарон суханашонро рӯирост гӯянд. Дар ҳалли ҳама гуна масъалае, ки набошад боадолатона, эҷодкорона ва боақлона рафтор намоед. Диққатро ба масоиле диҳед, ки фикрҳои ҳархела пайдо шудааст. Ҳаракат намоед, ки ин тафовутҳоро аз байн бардоред ва кормандонро барои рафтори хубашон, муомилаи баланди инсонӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳавасманд намуда, онро дар ҷамъомадҳо ва маҷлисҳо қайд карда гузаред.
Барои он ки дар коллектив муҳити ногувор пайдо нагардад, доимо диққати асосиро ба он диҳед, ки кормандон кадом мақсадҳоро мехоҳанд иҷро намоянд. Шумо ҳамчун роҳбар боз мақсадҳои наверо тайёр намоед, ки онҳоро коллектив, даста қабул намояд. Дар ҳама ҳолатҳо роҳбар бояд дар хотир дошта бошад, ки:
кори ташкили мураббигӣ дар ҳама ҳолатҳое, ки мехоҳед корро беҳтар
намоед, шарти зарурӣ мебошад;
мураббигӣ ба кормандон барои кордонӣ ва эҷодкорӣ сарчашмаи асосӣ
мебошад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё