Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
мақсадҳо ва орзуҳои ӯ амалӣ мегардад ва дар ҳалли он ғайр аз худи ӯ боз дастаи боқувват иштирок менамояд.
Фаъолнокии даста ҳамон вақт меафзояд, ки ҳар як аъзои он аз навигариҳо ва усулҳои беҳтарини иҷрои корҳо бархӯрдор мешаванд.
Яке аз вазифаҳои ташкили кори мураббӣ низ дар он мебошад, ки ҳамаро оид ба меҳнати хубу боадолатона даъват намояд. Кордонии хубро даста соҳиб гашта, метавонад хатоҳоро муайян карда тез ислоҳ намояд. Натиҷагирӣ — ин баландшавии ҳосилнокии меҳнат мебошад.
Аз ин ҷо мураббигӣ ду моҳият дорад, яъне аз як тараф донишу маҳорати касбии кормандон баланд мегардад, аз тарафи дигар ҳосилнокии меҳнат афзуда ба ташкилот фоида меорад. Дар баробари ин, боз дар ҳар як корманд чунин хислатҳои хуби касбӣ пайдо мегардад:
қобилияти корҳоро пайҳам иҷро кардан;
характери дурандешона;
қобилияти дигаронро гӯш карда тавонистан;
боварӣ ба қобилияту имконоти одамон доштан;
ҳавасмандии кор бо даста.
Барои иҷрои вазифаҳо ва мақсадҳо стандартҳо ва меъёрҳои аниқи баҳодиҳиро дар ташкилот муайян кардан зарур мебошад, то ҳар як корманд имконоти меҳнати худро баҳо додан дошта бошад. Аз ин ҷо соҳаҳои ташкили кори мураббигӣ гуногун мебошанд. Аввал ин, ки мураббиро ҳар як корманд худаш интихоб менамояд, яъне ба менеҷер устое, ки дар даста донишманд аст ихлосманд буда, кораш ба вай маъқул аст. Дуюм ҳолат, вақте роҳбар мебинад, ки масъала, ё худ проблемаҳое ҳастанд, ки кори мураббигиро талаб мекунанд.
Мисол, иҷрои корҳои мушкил, ҳалли проблемаҳо, ки дониши иловагӣ талаб мекунад, болоравӣ аз рӯи вазифа ва ғайра.
Барои он ки кор барои Шумо самара бахшад, бояд доимо мақсадҳои нав гузоштанро зарур шуморед, ки иҷрои он қуввату кордонии навро талаб намояд.
Дар ин ҳолат ҳар як аъзои даста имконият ва кордонии худро истифода карда, инкишоф меёбанд.
Бинобар ин, дар ҳама ҳолатҳои қуллай усулҳои мураббигиро ба шогирдон
омӯзед ва дар кор истифода намоед. Хуб мебуд, ки агар устод пайдарпайии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё