Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гирифта навоварӣ менамоянд ва аксар маврид ба муваффақиятҳо ноил мегарданд.

  1. Пайравон - навоварӣ ва дигаргуниро вақте қабул менамоянд, ки агар касе дигари онро истифода бурда самараашро дидааст.

  2. Консерваторон - роҳбароне, ки дигаргунӣ, ё худ навобариро намепарастанд ва доимо баҳонаҷӯӣ менамоянд, ки дигаргунӣ ва навобариҳо қабул нагардад.

Барои ба мақсадҳои ниҳоӣ ноил гаштан дар оянда роҳбар бояд мақсадро аниқ ба ҳар як корманд то он дараҷае фаҳмонад, ки фикри ӯро пурра дарк ва ӯро дастгирӣ намоянд. То пурра қабул шудани мақсади оянда онро гаштаю баргашта такроран бо роҳҳои гуногун ба иҷрокунандагон расонидан зарур мебошад, то ки дар ҳар як корманд эҷодкориро тавлид намоед. Чунин як рафтор имкон медиҳад, ки нақшаҳои дарозмуддати шумо амалӣ гарданд. Барои ин шахсони эҷодкорро доимо дастгирӣ ва ҳавасманд намуда, ба вазифаҳо пешбарӣ кардан зарур мебошад.

Дар ҳолате, ки шахсони алоҳида оид ба пешрафти кор фикру ақидаи нав пешниҳод менамоянд, якбора ба ҳуҷум нагузашта, имкон диҳед, ки фикрашонро пурра баён созанд ва барои амалӣ гаштани он бо истифода аз имконот шароит муҳайё созед. Илова бар ин дигаронро ҳам нагузоред, ки ақидаи навро якбора рад кунанд. Аз ҳама талаб намоед, ки доир ба ҳама гуна масъалаҳо доим фикру ақидаи нави худро дошта бошанд, ки он ба фоидаи кор мебошад. Барои ноил гаштан ба дастовардҳо машваратҳои махсуси «Ҳуҷуми ақлонӣ» гузаронида, ҳарчӣ зиёдтар ақидаҳои навро пайдо карда, баъд ақидаи арзишмандро интихоб кунед, ки онро «эҷодкории муштарак, ё худ якҷоя» меноманд ва он самаранокии хеле калон дорад.

Раванди дигари таъмини самаранокии кори роҳбар васоити ахбор ва суръати ҳаракати он мебошад. Барои муваффақ шудан ба ин раванд пеш аз ҳама ахбори корхона кушода ва ба аксарият дастрас бошад. Низоми ҷамъоварӣ, коркард ва истифодаи ахбор ҷараёни фаъолиятро ҳавасманд намуда, ҳамчун хун дар организм хизмат кунад, яъне ҳаракати доимии бенуқсони фаъолияти корхонаро таъмин созад. Суръат ва сифати ахборро фақат истифодаи воситаҳои пешқадами техникӣ метавонад таъмин созад. Ин пеш аз ҳама почтаи электронӣ,

пешина
аз 522
навбатӣ