Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

паст назанед, ба иззати нафси касе нарасед ва дар дили онҳо як оташро барои иҷрои мақсадҳои ташкилот доимо фурӯзон нигоҳ доред. Роҳбари асил сифатҳои хуби пешвоиро на фақат дар худаш, балки дар дигар аъзоёни коллектив тавлид месозад.

Барои намуна будан сарвар бояд сифатҳои зеринро дошта бошад:

  1. Ҳамкорӣ карда тавонистан.
  2. Кушодарӯю ростқавл будан.
  3. Қувваи баланди зеҳнию ҷисмонӣ доштан.
  4. Далерӣ дар вақти муҳокимаи масъала ва ҳалли он 5. Хислати якдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтироми якдигар.

Агар шумо пешвоии худро таҳлил карда истода бошед, дар мавриди ба саволҳои зерин ҷавоб гардонидан, натиҷааш маълум мегардад:

  1. Оё ман самаранок меҳнат мекунам?
  2. Оё ман ба таваккалкорӣ тайёр ҳастам ва масъулияти асосиро ба зимма дорам?
  3. Ман тез қарор қабул карда метавонам?
  4. Оё ман аъзои комилҳуқуқи коллектив ҳастам?
  5. Ман худ ва дигаронро эҳтиром менамоям?
  6. Ман кушодарӯй ва ростқавл ҳастам?
  7. Барои фаъолиятам масъулият дорам?
  8. Ман ба дигарон боварӣ дорам?
  9. Дигарон ба ман бовар мекунанд?
  10. Ман меҳнати дигаронро дуруст қадр мекунам ва онҳо маро фақат аз рӯи сифатҳои кордониам эҳтиром менамоянд?

Унсури дигари муҳими самаранокии кори сарвар дар қобилияти пешбинӣ намудани он мебошад. Тасаввур кунед, ки Шумо фаъолиятеро пешгӯӣ кардед ва баъди 3-5 сол ба он ноил гаштед. Аз ин муваффақият на танҳо худи Шумо, балки тамоми коллектив хушнуд гашта, боз хубтар меҳнат мекунанд.

Аслан роҳбаронро аз рӯи се хислаташон баҳо медиҳанд.

  1. Эҷодкор ва амаликунандагони орзуҳо. Ин гурӯҳи роҳбарон қобилияту ғайрати хеле баланд дошта, тамоми масъулиятро ба зиммаи худ
пешина
аз 522
навбатӣ