Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
34.1. Моҳияти омили вақт дар фаъолияти менеҷмент
Бо ақидаи файласуф Питер Дракер «Вақт - маҳдудтарин сармоя буда, шахсе, ки вақтро истифода бурда наметавонад аз ӯҳдаи истифодаи чизи дигаре баромада наметавонад».
Кормандонро тарбия кардан хеле мушкил мебуд, агар мо истифодаи вақтро ба онҳо наомӯзем. Шахсоне, ки вақтро баҳо медиҳанд ва ба қадри вақт мерасанд дар фаъолияти онҳо доимо вақт мерасад ва ба саросемакорӣ роҳ намедиҳанд.
Ҳукмрони вақт ба шахсе муяссар мегардад, ки вай аз болои худ ҳукмрон бошаду вақтро эҳтиром намояд. Аксари мову Шумо қисми зиёди вақти ҳаёти худро дар ҷои корӣ мегузаронем. Бинобар ин, зарур мебошад, ки истифодаи самараноки вақтро омӯзему тарзе меҳнат намоем, ки ҳазорсолаҳо зинда монад. Аз тарафи дигар санъати меҳнатеро аз худ намоем, ки зиндагонии мо хуш ва гуворо гузарад. Чунон ки фармудаанд:
Умр агар хуш гузарад зиндагии Ҳизр кам аст Вар ба нохуш гузарад нимӣ нафас бисёр аст.
Хислати одамӣ ин аст, ки дар зиндагонӣ чӣ хеле ки фаъолият нанамояд, вақти умр ба ӯ басанда намебошад.
Мутахассиси бахши ташкили илмии меҳнат А.Макензи баъди пурсиши 1000 нафар менеҷерон ба чунин хулоса меояд:
❖ фақат барои 1 - менеҷер вақт кифоя мебошад;
❖ 10 - нафар талаб мекунанд, ки 10% вақт боз зиёдтар мешуд;
❖ 40 менеҷер талаб доранд, ки 25% вақт зиёд бошад;
❖ барои дигарон 50% вақт намерасад.
Аз ин хотир дар олами кордонӣ чунин гуфторе вуҷуд дорад, ки «Вақт ин пул аст», аммо:
❖ вақт — фақат пул нест;
❖ вақт - аз пул ҳам қиммат аст;
❖ вақт - ин ҳаёт аст.
Оид ба моҳияти омили вақт боз гуфтан мумкин аст, ки:
❖ вақтро дигар намеёбем;
❖ вақтро зиёд карда намешавад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё