Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Шартан качхатаи ҳаётро ба чор давра ҷудо кардан мумкин мебошад.
- Давраи пайдоиш.
- Давраи болоравӣ.
- Давраи камолот.
- Давраи пастравӣ.
Бояд қайд кард, ки ҳар як давра ба мову шумо як бор муяссар гашта, захира ва имкониятҳои зерини худро дорад.
- Захираи физиологӣ — қуввати ҷисмонӣ ва ғайрати иҷрои корҳо дар синну соли болоравӣ ва камолот зиёд буда, дар овони пирӣ хеле кам мегардад.
- Захираҳои зеҳнии одамон низ, вобаста аз синну сол қобилияти фаҳмиш инкишоф ёфта боз паст мегардад.
- Захираҳои моддӣ низ, вобаста ба фаъолнокии одамон пайдо гашта оҳиста-оҳиста кам мегардад.
- Вобаста ба синну сол саломатии одамон коста шуда, тез — тез ба бемориҳо гирифтор мешаванд ва самаранокии кори онҳо паст мегардад.
- Чунин як качхатаи ҳаёт қонуни объективии инкишоф буда, ҷои шуморо қувваҳои нави ҷавон пур мекунад, яъне новобаста аз хоҳиш бо гузашти вақт мавқеатонро аз даст дода, боз қувваҳои дигар ҷои онро пурра месозанд.
Иқтисодшиноси бузург К. Маркс ҳанӯз дар замони худ қайд карда буд, ки «Мо ояндаро аз рӯи имрӯзаю гузашта бояд муайян созем, аммо ҳар як давору замон қувваҳои худро дорад, ки мо бояд фаъолиятамонро ба он мувофиқа созем». Ҳатто дар оила ин ҳодисаро мушоҳида кардан мумкин мебошад, ки хоҳ нохоҳ Шумо дар овони пиронсолӣ қисми функция, вазифа ва ӯҳдадориҳои меҳнатии оилавиро ба дӯши фарзандонатон мегузоред ва қариб аксари захираҳоро аз даст медиҳед. Баъзан ҳолатҳое ҳам мушоҳида мешавад, ки ин ҳодисаҳо боиси муноқишаи падару писар, модару духтарон мегардад.
Таҷрибаи менеҷменти ташкилотҳои пешқадами дунё гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳар як роҳбаре, ки фаҳмиши ташкили самараноки вақтро дорад, ӯ ба хоҳишу мақсадаш мерасад.
Барои ин, бояд аз як қатор хислатҳо ва одатҳои фардӣ — кӯдакӣ даст кашида, ба қадри меҳнати худ ва вақте, ки ба он сарф мегардад, бирасем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё