Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Аммо дар ташкили кори роҳбарӣ аксари вақт хатоҳои зерин дучор мегарданд:
- Қабули қарори масоили имрӯзаро ба фардо мегузорем.
Ин хатои аз ҳама инкишофёфта буда, дар фаъолияти қисме аз роҳбарони ташкилотҳои Тоҷикистон дида мешавад. Сабаби асосии чунин хатои роҳбарӣ, сустиродагӣ, беқувватӣ ва нобоварии роҳбарон ба худ мебошад. Масоили пайдошударо бояд дар замони пайдо гаштанаш ҳал намоем ва ба фардо нагузорем. Чуноне, ки халқ фармудааст: «Кори имрӯзаро ба фардо магузор», ё ин ки:
Имрӯз бикун чу метавонӣ коре, Фардо чӣ кунӣ чу он натвон кардан.
Мушкилии масъала дар он аст, ки аксари роҳбарони замони шӯравӣ, ки баъзе аз онҳо то имрӯз роҳбаранд, хоҳиши иҷрои саривақтии корро надоранд.
Дуввум ин, ки на дар ҳамаи онҳо дониши мукаммали қабули қарори фаврӣ дида намешавад, ки ин беғайратӣ ва тарси роҳбарро зиёд карда, доимо ҳалли масъаларо ба қафо мепартояд ё ин ки, умуман, иҷро наменамояд.
Бинобар ин, бо мақсади бо чунин ҳолат гирифтор нашудани роҳбар, дар санъати менеҷмент пешниҳод карда мешавад:
-
Мазмуни хатии вазифаҳо ва масоили наздик. Ин имкон медиҳад, ки сари ҳар як масоил чуқур андеша намуда, моҳияти масъаларо дарк намоед.
-
Тартиб додани ҷадвали давра ба давра, пай дар пайи иҷроиши вазифаҳо.
-
Барои осон шудани иҷрои кор ва масоилҳо хуб мебуд онҳоро қисм ба қисм ҷудо мекардед.
-
Дар ҳама ҳолатҳо вақтро ғанимат доред.
-
Доимо банд будани роҳбарон, вале қафомонии фаъолиятҳои гуногуни
ташкилот. Яъне доимо банд будан, нишонаи кори хуб набуда, балки
бесарусомонии роҳбарон мебошад. Дар ҳақиқат, одам метавонад, ки худро бо
корҳои зиёде банд намояд, вале аз иҷрои дурусти ҳамаи онҳо баромада
наметавонад. Мувофиқи талаботҳои санъати кордонии менеҷмент ва нигоҳи
ҳимояи рӯҳии кормандон хуб мешуд, агар шумо як, ё ду корро то охир анҷом
дода, баъд барои иҷрои дигараш камар мебастед. Характери одамӣ чунин аст,
ки вақти иҷро нашудани корҳо дар мӯҳлати муайяншуда, шумо асабӣ шуда, як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё