Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Ҷадвали 1
Корҳо Таъчилӣ Ғайритаъчилӣ
Зарурӣ 1 2
ҳолатҳои лозимӣ, масоили фаврӣ, Фаъолияти профилактикӣ
лоиҳаи вақти хеле кам дошта нигоҳдории захираҳо ва воситаҳо,
ташкили алоқа, ҷустуҷӯи имкониятҳои
нав, банақшагирӣ, барқароркунии
қувва
3 4
Ғайризарурӣ Ҷавоб ба занги телефонҳо ва Корҳои майдачуйдае, ки вақтро
қоргузориҳо, маҷлисгузарониҳо, мегиранд, телефонҳо, вақти холӣ,
масоилҳои дарпешистода, вохӯриҳои тантанавӣ
фаъолиятҳои дигари ҳаррӯза
Чӣ хеле ки аз матритса маълум аст тамоми корҳоро вобаста аз вақташон ба 2 гурӯҳ гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст: таъчилӣ ва ғайритаъчилӣ.
Таъчилӣ ин корҳое, ки ҳозир ҳамин соату дақиқа бояд иҷро шаванд. Аз рӯи моҳият бошад корҳо зарурӣ ва ғайризарурӣ мешаванд.
Корҳои зарурие, ки таъчилӣ нестанд аз мо талаб мекунанд, андеша совем, то ки имконотро бой надода натиҷагирӣ намоем.
Агар мо оид ба натиҷагирии ин ё он масоил маълумоте надошта бошем, корро ба кори таъчилӣ гузаронида, диққати махсус намедиҳем.
Баъзе роҳбарон бошанд, доимо ин усули кориро дошта гӯё ҳамаи корҳои ӯ таъчилӣ бошанд, оид ба иҷрои корҳо, саросемагӣ ва бемулоҳизагӣ зоҳир месозад, ки дар натиҷа ҳалли онҳо яктарафа буда, аксар маврид натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.
Ҳолати 4-ум бо шахсони хос мебошад, ки дар ҳолатҳои кризисӣ идора мекунанд.
Дигар роҳбарон қисми зиёди вақти худро барои корҳои таъчилии ғайризарурӣ дода (ҳолати 3) гумон мекунад ин чиз зарур мебошад. Аммо дар ҳақиқат таъчилӣ будани ин корҳо дар асоси интизории дигарон таъчилӣ мебошанд. (Ҷадвали 2.)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё