Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Роҳбаре, ки вақтро самаранок истифода бурда наметавонад бозорро аз даст дода аз инкишоф қафо мемонад.

Агар менеҷменти ташкилот оид ба тағйирёбии ҳолати иқтисодии бозор сари вақт назорат карда натавонад, эҷодкории роҳбарӣ ва дар навбати худ самаранокии вақтро таъмин карда наметавонад.

Вақте ки мо дақиқаҳоро бой медиҳем, ҳис намекунем, ки номаълум аз мо як лаҳзаи ҳаёт кам мешавад. Аз ин ҷо, мо бояд ҳар як дақиқаю сонияро боқулона истифода намоем.

Аз рӯи гуфтаи Стивен Кови, чор давраи калони таърихии омӯзиши идоракунии вақт ҷудо карда мешавад:

  1. Давраи якум — одамон фикру ақидаҳои худро дар варақҳои алоҳида, болои тахтасангҳо, танаи девор менавиштанд, то вақти худро самаранок истифода баранд. Доир ба ин давра очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд.

  2. Давраи дуюм — аллакай календарҳо ва дафтари корӣ пайдо мегардад, ки роҳбарон фаъолияти худ ва вақти худро дар оянда ҷудо мекарданд.

  3. Давраи сеюм — аллакай идоракунӣ ҳамчун илми алоҳида ба майдон омада, одамон моҳият ва арзишнокии корҳоро муайян менамоянд.
    Вақти худро бошуурона ҷудо намуда, фаъолият мекунанд. Дар ин давра одамон банақшагирии солона миёнамӯҳлати 2-3-сола ва дарозмуддати 5-сола ва зиёдаро омӯхта, мақсадгузории давраҳои муайяни ҳаёти худро доранд.

  4. Имрӯзҳо давраи чоруми идоракунии вақт пайдо шудааст, ки мақсади асосӣ на идоракунии вақт, балки идоракунии худ мебошад, яъне замоне расидааст, ки ҳар яки мо бояд оид ба омили вақт бо нигоҳи нав назар афканем.

Фикрронии наво моро маҷбур месозад, ки ба захираи вақт аз дигар тараф назар афканем. Аз рӯи ақидаи Парето, 80% натиҷагирӣ аз ҳисоби 20% хароҷоти вақт ба даст меояд. Яъне мо ҳамагӣ 20% вақтамонро истифода мебурда бошем. Пас вақт бояд, ки барои мо басанда бошад.

Мазмуни давраи чоруми идоракунии вақт аз рӯи ақидаи С.Кови дар
матрисаи зерин оварда шудааст: (Ҷадвали 1.)

пешина
аз 522
навбатӣ