Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мегардонам, баъдан ба хӯроки нисфирӯзӣ меравам». Дар ҳолати 1-ум Шумо худро мехоҳед сафед кунед ва дар ҳолати 2-юм худро маҷбур месозед, ки ин корро иҷро намоед. Дар ин ҷо 2 ҳолатро бояд ба инобат гирем:

  1. Мӯҳлатҳо бояд, ки воқеӣ бошанд, то имкони иҷрои ӯҳдадориҳои худро дошта бошем, чунки агар вақт гузашт, дигар иҷрои он зарур нест.

  2. Мӯҳлатро қатъиян риоя карда, ҳеҷ гоҳ суръатро суст нанамоед ва андеша ҳам накунед, ки мӯҳлати гузошташудаи худро ба рӯви дигар мегузаронед. Баръакс аз худ серталаб бошед.

  1. Боғайратиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳед.

Ҳеҷ кори имрӯзаро ба фардо магузоред! Бузургон мефармоянд, ки муваффақият он гоҳ ба даст меояд, ки мо аққалан 51% дуруст рафтор намоед. Бинобар ин, ба омилҳои муайян такя карда, бо истифода аз захираю имконотҳои вақт қарорҳои дилпурона қабул карда, онро ҳаллу фасл намуда, ба пеш ҳаракат намоед. Агар, аллакай, кореро иҷро карда бошед, вақти зиёдеро барои муҳокима ва фикрронӣ сарф накунед, яъне ба гуфтан халқ «Аз муваффақиятҳо саргаранг нашавед». Рафтори пешвои юнониён - Искандари Мақдунӣ чунин буд, ки «Дастовардҳоро муҳокима накарда, боз андешаи ба пеш рафтанро мекарданд», яъне аз муваффақиятҳо ҳеҷ гоҳ саргаранг нашуда, пеш мерафтанд. Агар Шумо низ дар фаъолияти роҳбариатон чунин қоидаро ҷорӣ намоед, ба мақсадҳои волои худ мерасед.

  1. Мақсаду кори худро аниқ намуда, «Не» гуфтанро омӯзед.

Агар «не» гуфта натавонед, он гоҳ Шуморо ба корҳое ҷалб мекунанд, ки аз роҳи асосии худ баромада, куҷо рафтанатонро фаромӯш мекунед. Маҳз қисми таркибии низоми корӣ ва сарфаи коратон он аст, ки кори асосиро аз ғайриасосӣ фарқ намоед, хубро аз бад, камро аз зиёд, некиро аз бадӣ ва вазифаҳои худро аз вазифаҳои дигарон ҷудо кунед.

Вақте ки аз кор монда мешавед, каме дар канор истед, туббозӣ ё теннис, ё ба дигар намуди варзиш шуғл варзед, то даме ки ба худ биоед ва боз корро самаранок давом диҳед. Хуб мешуд, ки аз дигар рафторҳои бароятон номатлуби бемақсад ба монанди майнӯшии бенизом, соатҳои дароз ба бозии шоҳмот, карта ва дигар бозиҳои шавқовар, ки дар шаъни Шумо арзанда нест, даст кашед.

пешина
аз 522
навбатӣ