Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Гӯш кардани дигаронро омӯзед.

Шумо аз аксари хатоҳо ва рафтори нодуруст эмин мемонед, агар аз рӯзи аввал, доир ба ҳар як масоил ахбори аниқ гирифта, баъдан рафтор намоед. Агар саршавии ҷамъомад соати 18:00 бошад, шарт нест, ки Шумо 17:30 ҳозир шаведу ним соати вақтатон беҳуда гузарад. Бинобар ин, пеш аз он ки кореро шурӯъ кардани бошед, боз як бори дигар аниқ намоед, ки дар куҷо?, кай?, чӣ хел?, барои чӣ?, бо чӣ қадар вақт? ҳал карда мешавад ва кӣ иштирок дорад?

  1. Аз фикронии қолабӣ даст кашед.

Аксари роҳбарон худро қурбони фикронии қолабӣ карда, гумон мекунанд, ки гӯё аз ҳама варианти дуруст бошад. Дар асл оид ба ҳалли ҳамин масъалаҳо боз вариантҳои хубтар мавҷуд аст, ки мо аз сабаби саводи кофӣ надоштан намедонем.

Мисол, агар Шумо доимо дар пайдарпаии АБВГ сухан мегуфтед, як маротиба таҷриба намоед, пайдарпаии АБВГ шояд хубтар барояд. Вақте ки телефони симдор пайдо гашт, одамон хаёл мекарданд, ки ин аз ҳама варианти беҳтаринаш мебошад, вале баъди телефони қисман мобилӣ пайдо гаштан, маълум гашт, ки ин хубтар будааст. Ҳоло боз олимон, ихтироъкорон, донишмандону эҷодкорон дар андешаи зиёд кардани имконотҳои ин тарзи алоқаро доранд.

Бинобар ин, вақте тарзи қолабӣ пешниҳод менамоянд, андеша намоед, ки дигарон кадом воситаи сарфаи вақтро истифода мебаранд ва кадом воситаи баландбардории самаранокиро доро мебошанд.

  1. Аз корҳои майда-чуйда низ бохабар бошед.

Вақти зиёдро корҳои майда-ҷуйда мегирад, ки ба онҳо он қадар аҳамият надода бубед. Чунин вазъият метавонад Шуморо аз кори асосӣ боз дорад. Мисол, пагоҳӣ, вақте ки дар ихтиёр ҳамагӣ 10 дақиқа вақт дореду ба курта ва костюми пӯшидаатон галстук мувофиқ нест, ё каме нуқсон дорад, беихтиёр асабӣ шуда, таъбатон хира мегардад, боз чанд галстук интихоб менамоед, ки вақт мегузарад. Хулоса, аз як ногувории андак ба саршавии маҷлис, ё ҷамъомад дер мондед ва тамоми рӯз таъбатон хира боқӣ монд. Шуморо сарзаниш карданд ё худ шарм доштед.

пешина
аз 522
навбатӣ