Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

корҳо аз тарафи менеҷменти корхона стандартҳо муайян карда шудаанд, ки мувофиқи онҳо хароҷоти вақт муайян ва сифати кор низ баҳо дода мешаванд.

Стандартҳо дар асоси хронометраж, картаҳои хронологӣ, сураттирии кор, ба наворгирии иҷроиши кор ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию нормативӣ муқаррар карда шуда, тасдиқ мегарданд ва иҷрои онҳо ҳатмист.

Баъди иҷрои ҳар як кор, роҳбар бояд таҳлили чуқури хароҷоти вақтро дида баромада, камбудиҳоро аниқ карда, муваффақиятҳоро дастгирӣ намояд. Маҳз таҳлили амиқу ҳаматарафа имкон медиҳад, ки ташкили вақти кории роҳбар дуруст баҳо дода шавад.

Таҳлилҳои ҳаматарафа ва бисёр имкон медиҳад, ки сабабҳо ва номуниятҳои зарари хароҷоти вақтро муайян ва меъёрҳои истифодаи вақтро таҳлил карда, баҳогузорӣ намоем. Усули асосии таҳлил ин муқоиса намудани хароҷоти ҳақиқии вақт ва хароҷотҳои меъёрию аснодӣ мебошад. Агар нишондиҳандаҳои меъёрӣ муайян карда нашуда бошанд, он гоҳ мумкин аст, ки бо нишондиҳандаҳои ташкилотҳои пешқадам, нишондиҳандаҳои роҳбарони дигар давлатҳо, солҳои гузашта ва ғайраҳо муқоиса намуда, хулосабарорӣ намоем.

Инчунин, мумкин аст, ки аз нишондиҳандаҳои тадқиқотҳои илмию амалии олимон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи илмӣ, ки дар институтҳои илмию тадқиқотӣ ва академияҳо кору фаъолият доранд, истифода карда, хулосаҳои зарурӣ барорем.

34.3. Банақшагирии вақти кории роҳбарӣ ва санъати менеҷмент

Дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодӣ масъулият ва мақоми роҳбар торафт меафзояд. Чунин як зарурият сабабҳои зеринро доро мебошад:

  1. Мураккабшавии қабули қарори идоракунӣ.
  2. Баландшавии масъулият барои қабули қарори роҳбарӣ, иҷроиш ва назорати он.
  3. Суръати баланди инкишофи иқтисодӣ ва болоравии моҳияти масоили иқтисодию экологӣ.
пешина
аз 522
навбатӣ