Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Корҳои техникӣ - гурӯҳбандӣ ва тайёр кардани маърӯза, маълумотнома ва мактубҳо, ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳо, корҳои ҳисобу китоб, додани маълумот оид ба ҳуҷҷатҳо, қабул ва додани телефонограмма, ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо ва қайди онҳо.

  2. Корҳои иловагӣ - тайёр кардани ҷои корӣ, ҳаракат кардан дар дохили ташкилот.

  3. Вақти дамгирӣ ва талаботи ҷардӣ - танаффӯс барои хӯрок хӯрдан ва дигар заруратҳои шахсӣ, танаффӯси дамгирӣ, варзиш ва ғайра.

  4. Вақте, ки ба ӯҳдадориҳои Шумо дохил намешавад, ё берун аз оиннома ва ё низомномаи корхона - иҷрои вазифаҳои берун аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳо бо супориши иловагии роҳбарони болоӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ.

  5. Гум кардани вақти корӣ - интизор шудани роҳбар, бекор мондан, иҷрои корҳои ҷамъиятӣ дар вақти корӣ, вайрон кардани низоми меҳнатӣ.

Дар фаъолияти кории роҳбарон аксар хусусиятҳои фардӣ дида мешавад, ки он ба усулу дониш ва қобилияти кордонии ҳар як роҳбар вобаста мебошад.
Баъзе роҳбароне ҳастанд, ки то 10-12-14 соат кор мекунанд. Яъне 1-2 соат ба кор барвақттар омада 2-3 соат бевақт аз кор меравад. Бинобар ин, барои ҳар як гурӯҳи корҳо меъёри аниқ муайян кардан, махсусан барои роҳбарони звенои болоӣ мушкилтар мебошад, лекин маълум аст, ки қариб 60% корҳо қариб ҳар рӯз такрор мешавад ва онҳо вақти асосии роҳбарро мегиранд. Ба замми ин корҳое низ ҳастанд, ки дар як ҳафта, як моҳ ё як сол як маротиба иҷро карда мешавад. Ҳолати сеюм, корҳое, ки дар 5-6 сол як маротиба, ё дар ҳаёт 1 маротиба вомехӯранд. Аз рӯи ин хусусияташон мо бояд муносибати худро аниқ сохта, вақт ҷудо намоем ва корро иҷро намоем.

Талаботи дигаре, ки санъати менеҷмент дорад, ин баҳисобгирии хароҷоти
вақти корӣ мебошад. Вақте ки мо иҷроиши ин ё он корро ба нақша мегирем,
ҳатман бояд мӯҳлати онро аниқ ва ҳаматарафа муайян созем, яъне мӯҳлати
анҷоми кор ҳатман бояд аниқ карда шавад. Барои он, ки вақтро дуруст
истифода барем, бояд мо доимо оид ба хароҷоти вақт назорат бурда, донем, ки
иҷрои ин ё он кор чӣ қадар вақти моро мегирад. Тарзи ҳисоб кардани вақти
корӣ аслан аз рӯи таҷрибаи зиёд мешавад. Яъне, аллакай медонед, ки барои
иҷрои ин кор чӣ қадар вақт сарф мешавад. Аз тарафи дигар, барои баъзе

пешина
аз 522
навбатӣ