Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

роҳу усули иҷро мекунад, таъмини самараноки вақт дар ҳар ҳолат талаботи асосӣ бояд бошад.

  1. Назорат ва маҳдудиятҳо. Ҳар як фаъолият дар доираи вақти сарфкардашуда бояд самаранокии ҷараёни истеҳсолотро таъмин намояд ва натиҷаи баландтарин ба даст оварда шавад. Бинобар ин, аз рафти иҷрои корҳо бояд доимо ахборот шунида, тафтиш карда шаванд ва монеаю камбудиҳо бартараф карда шаванд.

  2. Бо дигар кормандон ва мутахассисон машварат кардан.
    Ин намуди фаъолияти роҳбариро на ҳама роҳбарон доро мебошанд. Аксар маврид мо гумон мекунем, ки гӯё аз мо дида кореро касе хубтар намедонад, аммо дар асл ин хатои бузург мебошад. Ҳар як роҳбар вазифадор мебошад, ки бо дигар роҳбарон, мутахассисон машварат карда хулосаҳои пухта ва заруриро бароранд. Вохӯриҳо дар шакли сӯҳбати телефонии як ба як, семинарҳо, машварат ва конфронсияҳо сурат мегиранд.

Натиҷаи аниқи фаъолият ин нишондиҳандаи олии самаранокии меҳнат, пеш аз ҳама истифодаи вақт мебошад.

Таҳлили фаъолияти аксари роҳбарони ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки зиёда аз 50%-и вақташонро барои корҳои ғайризарурӣ сарф мекунанд. Бинобар ин, хуб мебуд агар роҳбарон вақти худро хуб ба нақша гирифта самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд.

Банақшагирии меҳнати фардии ҳар як роҳбар аз мақсадҳои ӯ мебарояд.
Мақсадҳои шахсӣ аз инҳо иборатанд:

  1. Мақсадҳои дарозмуддат.
  2. Мақсадҳои миёнамуҳлат.
  3. Мақсадҳои кӯтоҳмуддат.
  4. Мақсадҳои фаврӣ.

Вобаста аз мақсадҳо нақшаи вақти фардии роҳбарӣ чунин тартиб дода мешавад:

пешина
аз 522
навбатӣ