Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Вақти кориро ба нақша гирифта ҳар як роҳбар бояд ба саволҳои зерин ҷавоб гӯяд:

❖ ман ба чӣ ноил гаштам? — баҳодиҳии ҳолатҳо;

❖ ман чӣ мехоҳам? — мақсадгузорӣ;

❖ ман чӣ хел ба мақсад мерасам? — нақшаи фаъолият.

Барои он ки вақти зиёдро сарф накунем, бояд ҳар рӯз нақшаи кори худро дошта бошем. Мо бояд муайян намоем, ки вақти худро барои кадом кор сарф карда истодаем ва шояд аз ин ҳам дида хубтар вақти азизи умри худро гузаронида тавонем. Албатта, хуб мебуд агар мо ҳар як дақиқаю сонияи вақти умри азизи худро ба он коре равона месохтем, ки самарааш, на танҳо имрӯз, фардо ва ё пасфардо, балки 100 солаҳо ва 1000 солаҳо манфиат оварад. Агар шумо чунин ҷадвали корҳоро дошта бошед, хоҳ нохоҳ бурд менамоед. Барои

пешина
аз 522
навбатӣ